ЗАН ШАРИКИ ЗИНДАГОНӢ ВА ЁРИ СОАТҲОИ ДАРМОНДАГӢ

photo_2023-03-01_12-18-51

БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР)

Мегӯянд, Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳор ва хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан дар оила ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд, ки ин талаботи асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бо аҳли зиёи кишвар таъкид карда буданд: “Ҳадафи мо аз қабули ин санадҳо, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон”, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд” дар он аст, ки пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад”.

Имрӯзҳо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саросари кишвари маҳбубамон барои занону бонувон беҳтарин шароитҳо дар ҳамаи соҳаҳо муҳайё карда шудааст. Сарвари давлат барои таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус медиҳанд. Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон Садри муаззами миллат чунин изҳор карда буданд: “Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз ба ҳалли мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тарацқикардаро орзу намоем”.

Зан – Модар шахси муқаддас аст. Вақте, ки симои модар пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро дурахшон менамояд. Зан – Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама арзишмадтарин шахс дар олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Бисёр дуруст гуфтаанд, ки:

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо,

Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,

Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пойи мо!

Дар васфи бузургӣ ва ҷасорати Зан – Модар равшанфикрону орифони ҳар давру замон ҳамду ситоиш мекарданд. Беҳуда нест, ки нависандаи маъруфи рус Н.А.Некрасов вобаста ба қадру манзалати Зан – Модар бисёр хуб гуфтааст:

– зан монанди гулест, ки бо каме беэътиноӣ пажмурда мегардад ва бо андак лутф мешукуфад;

– зан шарики зиндагонӣ ва ёри соатҳои дармондагӣ аст;

– як зани зебо ва накӯсурат дар назар зебост, аммо як зани хуб ва некӯсират дар қалби инсон ҷой дорад;

– хашми зан монанди алмос аст, ки медурахшад, аммо намесӯзонад.

Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди тобон аст, ки ба тамоми гетӣ саховатмандона нурпошӣ мекунад, маҳз ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон ва ҳар хорзорро бӯстон мекунад.

Модар неъмати ноёб, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат баҳри башарият аст. Маҳз, самимият, меҳру муҳаббати бекарон ва навозиши инсонгаронаи ӯ моро ба оламу одам ҳамчун инсон ошно сохт. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя расида, дарси одамгарию ватандӯстӣ ва меҳру садоқатро меомӯзем. Беҳуда нагуфтаанд:

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Вобаста ба бузургӣ ва қадру манзалати Зан – Модар метавон бо садҳо қиссаву ривоят, ғазалу достон ҳикоёту ҳадисро рӯ ба рӯ шуд, ки яке аз ин намунаҳо дар мисоли зер чунин аст:

Вақте Худованд занро меофарид хеле тӯл кашид. Фариштаҳо омаданд ва аз Худованд пурсиданд: — Чаро офариниши ин мавҷудат ин қадар тул мекашад? Худованд гуфт: — Бояд бештар аз бист ҳаракатро барояш халқ кунам, то битавонад аз ҳама гуна ғизо истифода кунад:

— вақте бемор мешавад, худашро дармон бикунад;

— вақте танҳо мемонад, фарзандонашро нигаҳбон бошад;

— вақте соҳибмулк мегардад, сарфакор бошад;

— вақте роҳбар мегардад, дурандеш бошад;

— вақте бокира аст, чун гул нозуку боҳаё бошад;

— вақте модар аст, чун ман меҳрубон бошад;

— вақте дорову сарватманд аст, ҳамеша саховатманду раҳмдил бошад;

— вақте ҷонаш ба тангӣ аст, мубориз бошад;

— вақте шикастадил аст, солеҳа бошад;

— вақте хушҳол аст, орифа бошад;

— вақте рӯҳафтода бошад, собира бошад;

— вақте мураббӣ аст, ботинат бошад;

— вақте тарбиятгар аст, ростқавл бошад;

— вақте довар аст, боадолат бошад;

— вақте чун гул нозук аст, чун хор дағал набошад;

— битавонад рӯзе 18 соат бидуни миннат кор кунад, ҳамзамон дуто бачаро дар оғӯш бигираду муҳаббаташон бидиҳад. Зан метавонад, бо як буса аз зонуи захмӣ то қалби шикастаро шифо бидиҳад.

Фариштаҳо гуфтанд: -Хеле латифу нозук аст. Худованд фармуд: — Вале ман қавӣ офаридамаш. Наметавонед тасаввур кунед, ки чӣ чизҳоеро метавонад таҳаммул кунад. Ман барояш ашк тарроҳӣ кардам, зеро ашки як зан — ғамҳояш, танҳоиҳояш, ранҷҳояш, дарду машаққатҳояш, ишқаш ва ғурурашро нишон медиҳад. Ман як мавҷуди ғайриодӣ бо номи МОДАР халқ кардам.

Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,

сардори шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Аксҳо

Похожие записи