БАЪЗЕ ОЙИНҲОИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

1025108489_0_158_3001_1846_2072x0_60_0_0_0bf56170e8848cebfeea81008232120c

Ниёгони тамаддунофари ориёитабор сарватҳои бузурги фарҳангиро барои имрӯзу фардои миллати сарбаланди худ ба мерос гузоштаанд. Он ҳама ганҷинаҳои бебаҳои илму адаб, ҳунару эҷод, расму ойин ва суннатҳои аҷдодӣ дар ҳама давру замон боиси ифтихори баланд будааст ва барои ворисони худшиносу худогоҳ ин мерос низ мояи шаъну шараф мебошад.

 

Шукуфоии адабиёту санъат дар аҳди Сомониён, ба майдон омадани суханвари бузурге чун одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, инчунин як зумра хунёгарону ромишгарон ва мутрибони машҳур роҳи миллати тоҷикро дар ҷодаи офариниши ҳунару эҷод, рушду такомули фарҳангу адабро бо забони шевои модарӣ барои қарнҳо рӯшан месозанд. Ин маъниҳои барҷаста дар суханрониҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид ёфтаанд. Аз ҷумла,  Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар (соли 2009) ёдовар шуда буданд, ки “Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари руҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накардааст”.

Мардуми ориёитабор дар робита бо истиқболи Наврӯзи хуҷастапай як силсила маросимҳои хурсандибахш доранд, ки яке аз онҳо ойини вобаста ба моҳи ҳут мебошад. Ҳут аслан вожаи арабист, ки ба форсии тоҷикӣ моҳӣ аст, инчунин номи бурҷи дувоздаҳуми фалак мебошад. Тибқи солшумории мелодӣ моҳи ҳут ба рӯзҳои 20 моҳи феврал то 20 март рост меояд ва аз 30 рӯз иборат аст. Сокинони баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ бо шукронаи бегазанд халос шудан аз сардии зимистони қаҳратун ва хушу хурсандона пешвоз гирифтани Соли нав — Наврӯзи оламафрӯз маросими шодиоваре доштанд, ки онро Ҷашни ҳут меномиданд.

Тоҷикон ҳутро аз сабаби дар ин моҳ зуд-зуд дигаргун шудан ва тағйир ёфтани табиат ва обу ҳаво ба чаҳор давр тақсим намудаанд, ки аз он 17 шабонарӯз ҳут, 7 шабонарӯз аҷуз ва 3 шабонарӯз акс ва 3 шабонарӯз наҳс мебошад.

Бояд хотирнишон намуд, ки аз рӯйи порчаҳои боқимондаи таронаҳои ҳут чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки ба ақидаи инсонҳои аҳди бостон сардӣ ва зимистони қаҳратун ин яке аз бадкориҳо ва фитнаву дасисабозиҳои неруҳои аҳриманӣ маҳсуб мешавад. Мардум барои дафъи балоҳо ва пешгирии нохушиҳо оташ афрӯхта, бо иҷрои баъзе маросимҳо баҳор ва Наврӯзро ҷӯё мешуданд.

Тоҷикон аз даврони бостон ба муносибати нахустин шукуфаҳои баҳор маросими гулгардониро созмон медиҳанд ва онро қосиди баҳор ва Наврӯз медонанд.

“Гулгардонӣ” дар ҳар маҳал истилоҳи махсуси худро дорад. Минҷумла, дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон бештар гули сияҳгӯшро парастида, ин маросимро “Гулгардонӣ” мегӯянд. Ҳисориён ва тоҷикони вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон онро «Гулгардак» меноманд. Тоҷикони водии Қашқадарё, Самарқанд, водии Зарафшон, Фарғона таҳти унвони “Бойчечак” ё “Бойчечакгӯӣ” гулгардонӣ мекунанд. Сокинони баъзе деҳаҳои болооби Зарафшон ин маросимро “Бойкандак” ва “Кандакӣ” низ гуфтаанд, ки бо мазмунҳои гуногун сароида мешуданд. Аз ҷумла:

Баҳор омад ба ҳар алвон,

Нимаш барфу нимаш борон.

Ки тӯтӣ дар қафас нолон,

Баҳори нав муборак бод!

Ё ки дар абёти зерин шодиву сурури мардум аз омадани ин фасли сол чунин баён гардидааст:

Наврӯз бишуд, лола ба ҳар дашт намоён,

Шуд сабзаву насрину раёҳин ба гулистон.

Сад шукр бигӯем, ки ба ин рӯз расидем,

Акнун, ки равем ҷониби гулзор ғазалхон.

Имрӯз тоҷикистониён дар арафаи ҷашни Наврӯз ин маросим ва анъанаи аҷдодиро идома медиҳанд.

Ойини некиву покӣ. Наврӯз некиро мепарварад, ҳамеша дилнишину зебост ва он ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ фирқаву ҳеҷ гурӯҳе, ҳеҷ дину мазҳабе хос набуда, ҷашни ҳамагон ва тамоми табақа ва қишрҳои ҷомеа мебошад. Наврӯз мекӯшад фариштаҳоро талқин намояд ва шаётинро аз байн бубарад.

Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек роҳнамои мардум ва ҷомеа буда, он дар рӯзи Наврӯз ҳар сол аз сари нав эҳё мегардад. Мардумонро водор месозад, ки тамоми кинаву қудуратро аз дили худ берун андозанд ва дилҳоро чун оина поку беолоиш нигоҳ бидоранд.

Дар сабаби бузург шуморидани Наврӯз ва мондагории он дар хотираҳои эронитаборон рамзу намодеро зикр кардаанд, ки фишурдаи онҳо аз ин қарор аст:

  1. Каюмарс, ки нахустподшоҳ бошад, дар рӯзи Наврӯз аз модар ба дунё омадааст.
  2. Ҳушанг-шоҳи сулолаи Пешдодиён дар ҳамин рӯзи фархунда по ба арсаи вуҷуд ниҳодааст.
  3. Таҳмурас-подшоҳи пешдодӣ дар ин рӯзи фаррух девони табаҳкору мардумозорро банд кардааст.
  4. Фаридуншоҳ дар ин рӯз кишвари паҳновари Эронро дар миёни се фарзандаш-Эраҷу Салм ва Тур тақсим намудааст:

Як мулки шоҳаншоҳи бубахшид ба се шоҳ,

Бар Эраҷу бар Салму ҳаме Тур саропо.

  1. Зардушт дар ин рӯз мутаваллид шудааст.
  2. Каъбаро дар ҳамин рӯз сохтаанд:

Каъбаро дар рӯзи Наврӯз сохтанд,

Саҷдаафрӯзат биёмад, шод зӣ.

Фолклор — баёнгари ҷашни умумихалқии Наврӯз мебошад. Дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як сислила кишварҳои Осиё қабул гардидани қатънома дар бораи ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз, албатта, боиси ифтихору сарбаландии тоҷикон ва тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Тибқи ин санади муътабар 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз пазируфта шуда, аз  аъзои СММ, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, даъват ба амал оварда шудааст, ки таърихи пайдоиш ва анъанаҳои идро мавриди омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор диҳанд.

Баҳори нозанинро халқу миллатҳои сайёра низ бо маросимҳои хоси фолклорӣ, шеъру таронаҳои анъанавии миллии худ истиқбол мегиранд,   ки аз рӯйи мазмуну муҳтаво ва тобиши оҳанг бо ҳам шабоҳати наздик доранд.

Таронаҳои наврӯзиро ҳам дар кӯҳистони Тоҷикистону саросари Осиёи Марказӣ, ҳам дар Озарбойҷон, Украина, Фаронса ва дар соҳилҳои баҳри Миёназамин тараннум мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки мардумони ин кишварҳои аз ҳам хеле дур гӯё бо ҳам «маслиҳат» карда бошанд, ки шеърҳои мазмунан яксонро бо оҳангҳои шабеҳи ҳам даровардаву аз рӯйи расму ойини то як андоза ба ҳам монанд замзама намоянд. Пас, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки иди байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз асоси воқеӣ дошта, ифодагари он ҳикмати волои башардӯстона аст, ки Саъдии бузургвор гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…

Наврӯз ба унвони пайвандгари аслҳову наслҳо дар баробари «Шоҳнома» яке аз ду шаҳсутуни худшиносии миллии тоҷикон аст. Дар айни замон Наврӯз сириштаи рангу раванди возеҳи умумибашарӣ дорад.  Наврӯзро «рӯзи умед» номидани Абӯрайҳони Берунӣ низ мазмуну маънии хоси таърихию фарҳангӣ дорад. Чунончи, дар хони наврӯзӣ навдаҳои ҳафт дарахти мевадор ҳусни дастархон будааст. Дар зимни ин бо ҳарфҳои заррин суханҳои рамзии “афзуд”, “афзояд”, “афзун”-ро менавиштанд, ки ба умеди фаровонӣ, сулҳу субот ва дӯстиву рафоқати байни инсонҳо буд.

Дар “Наврӯзнома”-и Умари Хайём, махсусан, ваҳдату ягонагии аҳли хонадони Одам таъкид шудаст. Бо такя ба андешаҳои бузургон метавон гуфт, ки Наврӯз ҷашни ваҳдати азалии халқҳову кишварҳои Шарқу Ғарб мебошад.

Чанд сол аст, ки дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Мардуми суннатпарасту ойиндӯсти Тоҷикистон бо ҳар роҳу васила барои хотирмон гардондани ҷашни наврӯзӣ  ҷидду ҷаҳд менамояд, ки то Соли нави дигар — Наврӯзи дигар бо хурсандиву шодмонӣ меҳмони хонадонаш бошад. Зеро дар миёни ақвому миллатҳои дигар тоҷикон парчамбардори  Наврӯзи хуҷастапай буда ва  мебошанд.

Воқеан ҳам, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикор ва таҳти роҳбарии мудаббиронаи Сарвари давлати тоҷикон дар самти эҳёи анъанаву суннатҳои фарҳангии миллат корҳое анҷом ёфтанд, ки мислашро таърих дар ёд надорад.

Рисолати таърихии аҳли фарҳанг ва қарзи ватандӯстонаи аҳли зиё низ дар назди ҷомеа ҳамин аст, ки ҳамеша ба  беҳтарин анъанаҳои гузаштагон содиқ бошанд. Барои ноил гаштан ба ин мақсадҳои наҷиб фазои мусоид ва  муҳити солими даврони истиқлолияти давлатии кишвар, осоиштагӣ ва  амнияти сартосарии диёри маҳбуб, таҳкими давлатдорӣ ва ҳамзамон таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанги миллии аҷдодӣ, беш аз пеш  шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам меоранд.

 

НОСИРОВ М.С.

сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Академия

ҒАЮРОВ Ф.З.

сардори котибот ва ёвари ректори Академия

Похожие записи