БАҲРИ ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТ ТАЛОШИ ҲАМЕШАГӢ НАМОЕМ!

Ваҳобов Ҳасан

Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Таърихи бою қадимаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дарбар мегирад, ки ҳар яки он дар марҳилаи худ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари як қатор кишварҳои аъзои он истиқлоли воқеии худро ба даст овард. Соҳиб шудан ба давлатдорӣ ва истиқлол ин воқеаи таърихӣ ва ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Истиқлоли миллӣ барои мо, тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ба даст овардани он саъю кӯшиш, ҷонбозиҳои беҳамтои зиёиён ва саҳми арзандаи фарзандони фарзонаи миллат хеле зиёд мебошад.

 

Аввали солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон давраи сахту сангинро аз сар гузаронд. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби он солҳо водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолу ҳифзи дастовардҳои он чораҳои бетаъхир андешида шавад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба гирифтанд. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамчунин, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.

 

Барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама фаъолияти пояи қонунии Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд. Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими истиқлол, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи худро қабул кард. Аз соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид.

 

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор ва муҳимми сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуд. Маҳз он заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллатро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила неруҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлол бузургтарин дастовардҳои миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гуруҳӣ ва ғайра мақоми худро аз даст медиҳанд. Чун сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва намоди осоиштагии мардум аст. Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад.

 

Бо шарофати истиқлол ва ваҳдати сартосарӣ имрӯз Тоҷикистон ободу пешрафта гардидааст. Самараи неки истиқлол ва ваҳдат аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи давлатдорӣ ва сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад. Моро зарур аст, ки тамоми неру ва қувваи ҷисмию зеҳнии худро баҳри пойдору бегзанд мондани Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона созем. Дар заминаи ин ду неъмати бебаҳо ва арзишҳои муқаддас кишвари худро боз ҳам обод созем ва дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш муаррифӣ намоем.

 

Ҳасан ВАҲОБОВ,

мутахассиси шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи