БА ИМЗО РАСИДАНИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АКАДЕМИЯИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

51356057642_183875e76d_o

Рӯзи 4 августи соли 2021 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сурат гирифта, дар доираи он як қатор масъалаҳои ҳамкории ду кишвар ба миён гузошта шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Сарвари кишвари мизбон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Туркманистон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо тарафдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Туркманистон мебошем.

 

Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият миёни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст ва дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.

 

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ду кишвар, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

 

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов 19 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

Аз ҷумла дар ҳузури Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон ба имзо расонида шуд.

 

Дар доираи Созишномаи мазкур дар назар аст, ки ҳамкориҳо дар самти таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимии муштарак оид ба таълим дар асоси принсипҳои ҳамкории шабакавӣ, таҳия ва мубодилаи маводҳои таълимӣ-методӣ ва технологияҳои муосири таълим, фаъолияти муштарак оид ба рушди технологияҳои таҳсилоти фосилавӣ дар ҳама самтҳои раванди таълим, таҳия ва нашри якҷояи адабиёти таълимӣ ва илмӣ, маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ, баррасии мутақобилаи рисолаҳо, корҳои ниҳоии тахассусӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, мақолаҳо ва дигар нашрияҳо, ташкили сафарҳо барои роҳбарият ва инчунин ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар кормандон бо мақсади мубодилаи таҷрибаи корӣ, хондани лексияҳо, намоиши презентатсияҳо ва иштирок дар таҳқиқотҳои илмӣ, гузаронидани дарсҳои амалӣ, корҳои машваратӣ ва экспертӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ва таҷрибавӣ, таҳия ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, илмӣ-амалӣ ва илмӣ-методӣ, инчунин иштирок дар чорабиниҳои илмӣ дар якҷоягӣ, иштироки муштарак дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи нақшаҳо ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияҳои методӣ, нашрияҳои илмӣ ва адабиёт, мубодилаи мақолаҳои илмӣ барои интишор дар нашрияҳои тобеъ, мусоидат дар барқарорсозӣ ва рушди ҳамкориҳои мустақим байни шуъбаҳо, олимон ва мутахассисон, мубодилаи гурӯҳҳои хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони баландихтисоси роҳбарикунанда барои табодули таҷриба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои мушаххас, аз ҷумла барои гузаштан аз таҳсили кӯтоҳмуддат (семинарҳо, курсҳо) миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон ба роҳ монда шавад.

Похожие записи