БОЗОРИ ҶАҲОНИИ ФОНДӢ: ТАЪРИХИ ИНКИШОФ ВА ВАЗЪИ ИМРӮЗА

4f352dabecdb467fe4c556f9103

Таърих ва заминаи пайдоиши бозори қоғазҳои қиматнок

 

Дар шароити иқтисоди бозории муосир бозори фондӣ нақши муҳимтаринро мебозад. Тасдиқи ин дар он дида мешавад, ки қоғазҳои қиматнок қисми зиёди дороиҳои молиявии ҷомеаро таҷассум менамоянд.

Маҷмӯи ҳамаи маблағҳои қарз аз рӯи қоғазҳои қиматнок аз хаҷми ММД-и ҷаҳон ду баробар бештар буда, се маротиба аз ҳаҷми агрегати пулии М2  (ҳаҷми пули нақд, маблағҳо дар суратҳисобҳои ҷорӣ ва муҳлатноки бонкӣ)  зиёд аст. Бозори қоғазҳои қиматнок ҳамчун механизми сармоягузории самаранок хизмат мекунанд, ки ба воситаи он давлат ва ширкатҳо барои иҷроиши барномаҳои муҳими иҷтимоии худ маблағ ҷамъ меоваранд.

Шарти ҳатмии пайдоиш ва мавҷудияти бозори фондӣ, ин мунтазам интишор додани уҳдадориҳои қарзӣ (векселҳои давлатии хазинадорӣ, облигатсияҳои давлатӣ) аз ҷониби кишварҳо мебошад. Шарти дигари ҳатмӣ барои рушди ин бозор миқёси барориши коғазҳои қиматнок мебошад, ки ба шарофати он дар байни доираи васеи сармоягузорон, чӣ шахсони алоҳида ва чӣ ширкатҳо паҳн шудаанд. Худи қоғазҳои қиматнок (аввалин қоғазҳои қиматнок — векселҳо буданд) ва аввалин бозорҳои фондӣ дар шакли ярмаркаҳои фурӯши векселҳо дар асрҳои миёна дар шаҳр-давлатхои Италия пайдо шуданд. Дар баробари ин бозори қоғазҳои қиматноки шакли муосир, танҳо вақте ташаккул ёфт, ки мамлакатҳо ба қарзгирии мунтазами калон шурӯъ намуда, аввалин ҷамъиятҳои саҳҳомӣ пайдо шуданд.

Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ки дар онҳо муносибатҳои ширкату саҳҳомон бо ташкилотҳои муосир умумияти зиёд доштанд, дар асоси шарикӣ ва корпоратсияҳои асримиёнагӣ ташкил ёфтаанд. Аввалин ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар Англия дар асрҳои XVI-XVII, инчунин ширкати Ҳолландии муттаҳидаи Ост-Индия ба вуҷуд омадаанд.

Дар аввал аъзоёни ҷамъият пай (саҳм) мегузоштанд, ки онҳо низ баъди анҷоми экспедитсияҳои тиҷоратӣ баргардонда мешуданд. Баъдтар, пайҳо ба қоғазҳои қиматнок иваз карда шуданд, ки моликияти соҳибмулкро тасдиқ карда, ба онҳо мунтазам дивидендҳо (дар баъзе ҳолатҳо дар шакли мол) дода мешуданд. Пардохти дивидендҳо тақсим кардани ҳиссаи фоидаи умумиро иваз кард. Баъдтар соҳиби саҳмияҳо имкон пайдо кард, ки ба шахсони дигар онҳоро фурӯшад.

Аввалин биржаҳо биржаҳои Антверпен ва Лион буданд, ки дар асри XVI пайдо шуданд, аммо дар ҳамон аср онҳо барҳам хӯрданд. Аввалин биржаи классикӣ, ки ҳоло ҳам амал мекунад, биржаи Амстердам буд, ки соли 1611 ба кори худ шуруъ кардааст. Бинобар ин, бозори Ҳолландия таърихан аввалин бозори фондӣ мебошад.

Бозори саҳҳомии Англия бошад бо он машҳур аст, ки аввалин биржаи махсусгардонидашуда дар Англия пайдо шуд, ки соли 1773 таъсис ёфтааст. Бинои фаъолияти онҳо Биржаи фондии Лондон ном гирифт ва дар ин шакл (биржаи фондӣ – stock exchange) то имрӯз ном гирифта мешавад. Дар аввал узвият дар биржаи Лондон озод буд. Баъдтар қоидаҳои нав қабул гардиданд, ки мувофиқи онҳо дар биржа танҳо аъзоёни он савдо карда метавонистанд.

Лондон ба зудӣ дар бозори фондӣ пешсаф шуд. Агар дар охири асри XVIII Амстердам маркази молиявии ҷаҳонӣ ҳисобида мешуд, аллакай дар ибтидои асри XIX он пойтахти Англия (Лондон) гардид.

Аввалин биржаи фондӣ дар Амрико соли 1791 дар Филаделфия кушода шуд. Пас аз як сол, машҳуртарин Биржаи Иёлоти Муттаҳида — Биржаи фондии Ню-Йорк ташкил шуд. Чун дар дигар кишварҳо, даҳсолаҳои аввал дар биржаи Ню-Йорк савдо асосан бо облигатсияҳои давлатӣ сурат мегирифт.

Танҳо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ байни Шимол ва Ҷануб саҳмияҳо ба объекти асосии муомилот табдил ёфтанд. Биржаи фондии Ню-Йорк дар рушди Амрикои корпоративӣ нақши муҳим бозид. Маҳз дар ҳамин майдон чунин шахсони машҳури ҷаҳони сармоя, ба монанди Вандербилт, Рокфеллер, Морган, ки империяҳои молиявию саноатии онҳо асоси иқтисодиёти Амрикоро ташкил медоданд, сарвати худро ба даст оварданд. Дар баробари ин, биржаи фондӣ як механизми самараноки сармоягузорӣ ба ҳисоб мерафт, ки тавассути он ширкатҳое, ки саҳмиябарорӣ мекарданд, маблағҳои барои рушд заруриро дарёфт мекарданд.

Вазъи кунунии бозорҳои фонди ҷаҳонӣ

Вазъи ҳозираи бозори фонди ҷаҳон  дар умум ва низомҳои иқтисодии давлатҳои алоҳида аз баҳодиҳии ҳаҷм, динамика ва сохтори он барои намудҳои гуногуни қоғазҳои қиматнок иборат аст.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2021, аксари бозорҳои асосии фондии ҷаҳон 5-20% боло рафтанд, ва ин барқароршавӣ сарфи назар аз тасмими Бонки федералии ИМА дар бораи қатъ кардани чораҳои  ҳавасмандкунии иқтисодӣ дар охири сол ва интизори гузариш ба мушкилсозии сиёсати  пулию қарзӣ (монетарӣ) дар баҳори соли 2022 сурат гирифт.

Иёлоти Муттаҳида ва Ҳиндустон суръати баландтарини рушдро нишон доданд, дар ҳоле ки бозорҳои рушдёбанда ба монанди Бразилия, инчунин бозорҳои Ҳонконг ва Осиё, ки суръати мӯътадили рушдро нишон доданд, ба сифати қафомондаҳо (аутсайдер) баромад карданд.

Дар айни замон, бозори коғазҳои қиматнок аз ҷиҳати миқёси амалиёт пас аз бозори асъор дуюмин бозори байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ҳаҷми муомилот дар бозорҳои байналмилалии фондӣ беш аз 2 триллионро доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии бозори ҷаҳонии фондҳо дар соли 2021 16,6% афзуда, ба 124,5 триллион доллар расид. Бозори саҳомии ИМА 42 % сармояи бозори фондӣ ё 52,2 триллион долларро ташкил медиҳад, ки Чин бо саҳми 11,6% дар ҷои дуввум ва Ҷопон дар ҷои сеюм аст. Ҳаҷми бозори ҷаҳонии вомбаргҳо барои соли 2021 3,3% афзуда, ба 126,9 триллион доллар расид.

Ҳарчанд сол ба сол ҳиссаи мамлакатҳои мутараққӣ дар ҳаҷми умумии бозори коғазҳои қиматноки ҷаҳонӣ кам шуда истода бошад ҳам, ҳанӯз ҳам дар соли 2022 тақрибан 60%-и ҳаҷми умумии он ба давлатҳои мутараққӣ рост меояд.

Ҳарчанд бозори фондӣ таърихи 400-500 сола ҳам дошта бошад, он ҳанӯз дар инкишоф аст, ва сол аз сол ба он кишварҳои нав, ширкатҳои нав ва сармоягузорони нав ворид мегарданд. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки ин бозор дар давраи рушд ва тағйиротҳои назаррас қарор дошта, лоиқи омӯзиш ва таҳқиқотҳо аз тарафи олимон мебошад.

Лайлобону ХОЛОВА,

магистранти Академия

Похожие записи