БОНУЕ САРОПО МЕҲРУ МУҲАББАТ…

Абилзода Гуландом

(Бахшида ба Рӯзи модар)

Дар сафҳаи таърихи тамаддун ва фарҳанги умумибашарӣ дар ҳама давру замон шахсиятҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки тавассути андешаҳои тозаву ғолиб, пайгирона, озодманишӣ, рафтору гуфтори оқилонаву омӯзанда, хулқу атвори писандида ва ширкати фаъолонаву пайваста дар таълиму тарбия маҳбуби ҳамагон гаштаанд.

 

Яке аз чунин афроди соҳибхирад, ки қалби саршори муҳаббат ба дӯстон, ҳамкасбон шогирдон дорад ва дорои эҳсоси баланди инсонгароист, Гуландом Абилзода–номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии назди Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ чун мураббӣ, устод, тарбиятгар ва роҳбар дар ҷомеа манзалату мақоми шоистаро касб кардааст. Гуландом нафарест, воқеан, аз табори хуршед. Ҳар ҷое, ки ӯ ҳузур дорад, он ҷо нуристону гарму рӯҳафзост. Ҳар ҷое ӯст – шодию нишот он ҷост. Ба дилҳо тавону рушноӣ мебахшад. Ҳар ҷое ӯст ҳақиқату муҳаббату боварӣ ба ояндаи нек он ҷост.

Кас чун бо зиндагиномаи ин бонуи наҷиб ошно мегардад, зуд пай мебарад, ки инсонест заминию дардошно, саропо меҳру муҳаббат, отифаву оқила, меҳнатқарину поквиҷдон, босалоҳияту бомасъулият, мардсифату боҷасорат. Ҳазрати Лоиқ дар ҳаққи чунин бонувони муваффақу комёб мегӯяд:

Сано бодо, ба занҳое, ки марданд,

Баёзи зиндагиро байти фарданд.

Ба номардон бидода дарси мардӣ,

Даме ҳусни заниро кам накарданд.

Гуландом барои соҳибдилон намунаи олии олиме ҳаст, ки мехоҳад, тафаккурро аз ҳама силсилазанҷирҳо озод бубинад ва онро дар маърифати олам дар ҷойи аввал мегузорад. Роҳбарест, хеле маҳбуб ва соҳибэҳтиром зеро муносибати ҳасанаро бо кулли кормандонаш ба роҳ мондаву фазои солими кориро барояшон роҳандозӣ намудааст. Бонуест дорои ҳама хислатҳои ҳамида, модарест мӯнису ғамхор, ҳамсарест содиқу вафодор, шогирдест дар шинохти ҳаққи устод бемисол ва ёвару мададгори ҳама дар лаҳзаҳои душвор.

Имрӯз Гуландом Абилзода дар радифи инсонҳои комил қарор дорад, ки ҳамагон дар орзуяш ҳастанд. Дар рушду нумуи инсонгароиву ақлгароияш тарбияи хонаводагияш нақши бориз дорад. Инчунин, ӯ шогирди ба ноз  парвардаи мактаби олими шинохта, файласуфи барҷаста Мунзифа Ғаффорова мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳамеша назари худро дар заминаи далоили воқеӣ ва бо бурҳони далел пешниҳод мекунад, ин ҳама шаҳодати нақши устодаш дар таълиму тарбияи ӯст. Шогирде мисли ӯ кам аст, ба чунин вафодориву сидқ. Рӯзе нест, ки ҳадиси устодашро накунад. Вафодориву эҳтиромаш ба устод аст, ки рӯзгори пурфайзу бобаракате насибаш гаштааст.

Дар ниҳоди ӯ баҳри кибру ғурур, бухлу кинаву тафохур ва дигар хислатҳои ношоиста ҷое намондааст. Ин худ воситаест барои ҳидояти инсонҳо ба роҳи саодату садоқат. Шоир барҳақ фармудааст:

Дона то дар хок нафтад, кай ба боло сар кашад,

Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.

Оре, бар баландиҳо расидани Гуландом аз хоксориҳои ӯст.

Дар замири ӯ ишқи Ватан шӯълавар асту самимонаву  содиқона ин сарзамини биҳиштосоро дӯст медорад. Мекӯшад дар дили шогирдон низ муҳаббат ба Ватанро бедор созад ва онҳоро ба худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ доштан ҳидоят намояд. Нақши ӯ дар омода намудани мутахассисону хизматчиёни давлатӣ назаррас мебошад.

Дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ Гуландом Абилзода мақому манзалати хешро барвақт касб кардааст. Чун олими пухтакору пуркор соли 2011 дар мавзӯи “Асосҳои ахлоқию маънавии оила (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” рисолаи хешро ҳимоя намуда, дараҷаи илмии номзади илми фалсафаро дарёфтааст. Ӯ муаллифи китоби дарсии “Асосҳои фалсафа” дар (ҳаммуаллифӣ), “Сотсиологияи идоракунӣ” дар (ҳаммуаллифӣ), 1 монография, ду дастури таълимӣ ва беш аз 50 мақолаи илмӣ-методӣ буда, пайваста ба омӯзишу пажӯҳиш машғул аст. Дар семинару мизи мудаввар ва конференсияҳои илмию амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалалӣ фаъолона бо маърӯзаву гузоришҳо ширкат меварзад.

Заҳматҳои Гуландом Абилзода бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, медали “Хизмати шоиста” ва чандин ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гаштааст

Дар арафаи иди баҳору Рӯзи модар ба ин бонуи хушдилу хушгил як зиндагии пур аз файзу баракат, пур аз шодиву нишот, пур аз дӯстони самимиву ҷониро таманно дорем. Ҳамеша чун имрӯз гули сари сабад, марвориди  маҳфилу ҷамъомадҳои дӯстону пайвандону шогирдон азизу гиромӣ бошанд. Таманнои онро дорем, ки баҳоргуна сабзу гулфишон бимонанд.

Бунафша ҒАНИЕВА,

омӯзгори Академия

Похожие записи