БО ИШТИРОКИ БОНУВОНИ АКАДЕМИЯ МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАРДИД

IMG_5622

Дар доираи Нақша – чорабиниҳои бахши кор бо занон ва духтарони раёсати корҳои тарбиявии Академия мизи мудаввари бонувон дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” бо иштироки доираи васеи бонувон доир гардид.

 

Чорабинии мазкурро муовини сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Амирбекзода Назира ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки давлату Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри таъмини иштироки занону бонувон дар ҳама самтҳои сиёсати давлатӣ тадбирҳои судбахшро роҳандозӣ намуд. Маҳз натиҷаи ин дастгириҳо мебошад, ки имрӯз иштироки васеи занон дар ҳама самтҳои фаъолияти давлатӣ аён ба назар мерасад.

Сипас, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, н.и.п., дотсент Ғанизода Ибодат дар мавзӯи “Мавқеи занон дар Паёми Пешвои миллат” баромад намуда, вобаста ба иштироки бонувон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо андешаронӣ намуд.

Дар рафти кори мизи мудаввар мудири кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ализода Баҳриддин доир ба мавқеи зан-модар дар таърихи ниёгони тоҷик баромад намуда, ҳозиринро бо истиқболи Рӯзи модар шодбош гуфт.

Ҳамчунин, магистранти Академия Хушвақтова Мавҷигул вобаста ба дастгирии Ҳукумати кишвар ва таҳсили духтарон баромад намуд.

Дар фарҷом Амирбекзода Н. бори дигар бонувонро ба истиқболи Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳативу саодатмандӣ таманно кард.

Похожие записи