БО ҚАЛБИ САРШОР АЗ МЕҲРИ ВАТАНДОРӢ БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ҚАДАМ МЕГУЗОРЕМ

IMG_3628

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ — 2021

 

Дар фазои суҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ мардуми куҳанбунёду сарбаланди тоҷик боз як соли пур аз хотирот ва фаромӯшношуданиро ба ихтиёри таърих гузошта Соли нави милодии 2021- ро бо орзуву ниятҳои нек истиқбол мегиранд.

 

Соли нави мелодии 2021-ро ба ҳайати профессорону устодон, кормандон, магистрантону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои онҳо ба кулли мардуми шарифи кишварамон таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодату комёбӣ ва ба кишвари азизамон пешрафту шукуфоӣ ва сулҳу суботи ҷовидонаро орзу менамоям.

 

Соли сипаригашта новобаста аз хуруҷи бемории сироятии каронавируси COVID-19 Ҷумҳурии Тоҷикистон тањти ҳидоят ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовард ва музаффариятҳои беназир мушарраф гардид.

 

Хотирасон бояд кард, ки соли 2020 дар кишвари азизамон маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид, ки ин чорабиниҳои сиёсӣ ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва тақвияти нуфузу обрӯи мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар соли гузашта ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дастоварди асосии устодону кормандони Академия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №1463, табдили Муассисаи давлатии таълмии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Инчунин, дар ин сол ҳайати профессорону устодони Академия дар даҳҳо конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввару вохӯриҳо ширкати фаъолона намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд. Ширкати фаъолона ва сазовор гардидани устодон, кормандон, донишҷӯёну магистрантон ба ҷойҳои ифтихорӣ дар Ҷоми Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар озмунҳо аз дастовардҳои дигари Академия дар соли 2020 мебошанд.

 

Бовар дорем, ки соли 2021 низ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро марҳилаҳои тозаи рушд интизор аст. Аз ҷумла, дар 2021 миллати сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу субот 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

 

Бо сипарӣ шудани боз як соли дигар, бо азму иродаи қавӣ, қалби саршор аз меҳри ватандорӣ, дилу нияти нек баҳри боз ҳам ободу сарсабз гардонидани ҳар гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб ба Соли нави мелодӣ қадам мегузорем.

 

Соли нави мелодии 2021 муборак!

Похожие записи