ВАТАНДОРӢ ШАРАФИ ИНСОНӢ АСТ

артиш

Ватан сарзаминест, ки андар он зиндагӣ мекунему ба муқаддасоташ арҷ мегузорем. Ватандориву давлатдорӣ, пеш аз ҳама шинохт ва нигоҳдории ҳувияти худ ва ҳимояи он арзишҳои волои инсониест, ки зиндагиро дар он сарзамин фароҳам меоваранд. Дар ҷаҳони мураккабу пуртазоди имрӯза танҳо кишваре метавонад вуҷуд дошта бошаду бо пешомадҳои шадиди тақдир муқобилият ва истодагарӣ кунад, ки марзу буми худро ҳимоят ва нигаҳбонӣ карда тавонад. Асри мо асри зӯровариву таҷовузҳои пай дар пайи инсонҳо бар сари ҳамдигар аст.

 

Дар ин асри дастзӯриҳову абарқудратиҳо аввалан ваҳдату ягонагӣ, сипас неруву тавоноӣ, далерӣ, шуҷоат, садоқат ва пойдории на танҳо ҳар инсон, балки ҳар кишвар кафолати зиндагониву амнияти ӯст. Имрӯз қалъаи амният, сутун ва мутаккои рӯзгор, кафолати ҳастии ҳар миллат, бидуни шубҳа, дар қатори омилҳои дигар Артиши миллӣ аст. Аз ин рӯст, ки бо дарки ин масъулият ҳамасола барои рушди ин соҳаи бениҳоят муҳим, ки такягоҳи боэътмоди сулҳу осоиш ва кафолати амнияти миллии мо мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамонро эҳсос мекунем. Низоъҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандии аз ҷониби бегонагон таҳмилшуда мардуми тоҷикро бо имтиҳони гароне рӯ ба рӯ оварда, ҳушдоре дар оғози Истиқлоли давлатиямон дода буданд.

 

Дар даврони ҷангҳои таҳмилшудаи шаҳрвандӣ миллати хайрхоҳу некуманиш ва кишвари куҳанбунёди мо дар вартаҳои нестиву фалокат қарор ёфта буданд, ки танҳо тавассути Ваҳдати миллӣ, хиради зотии халқамон ва раҳнамоии фарзандони шуҷои он тавонист раҳо ёбанд.

 

Ин нахустин имтиҳон дар роҳи ватандориву давлатдории Тоҷикистони навини мо буд. Ба ғайр аз ин, тамоми таърихи миллату халқамон моро пайваста сабақ додааст, ки ҳар лаҳза омодаи дифои ҳувияти худ аз душманони аҷнабӣ бошем.

 

Аммо вазъи пурхатару пуртаҳлукаи ҷаҳони имрӯз, тезу тундии муносибатҳои кишварҳо, ҳаводиси фоҷиабори солҳои охир ва, хусусан, рӯзҳои муосир пайваста мураккабтару хатарбортар аз пешин мегардад. Дар ҳамин таърихи чанд соли охир мо дидем, ки чи гуна абарқудратони дунё кишварҳои нисбатан кӯчаку камқудоратро ба хок яксон намуданду халқҳяшонро хонабардӯш ва ғарибу саргардон сохтанд.

 

Касе имрӯз кафолати бехатарии моро дода наметавонад, ба ҷуз худамон, хусусан дар ин вазъияте, ки ҷаҳон ба сангарҳо ҷудо гардидааст. Имрӯз дар ҳолате, ки ҷангҳо паси девори мо мераванду аллакай таҳдиди марзу бум ба сарҳадҳои муқаддаси мо ҳам расидаву борҳо аз худ дарак ҳам додааст, ҳимояи Ватан-Модар, марзу буми аҷдодӣ, бехатарии миллӣ вазифаи муқаддаси хурду бузург ва марду зани ин кишвар хоҳад буд. Он чӣ бар сари дигарон омад, набояд моро бетарафу ором гузорад.

 

Ҳимояи Ватан имрӯз на фақат масъулият, балки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост. Аммо мо миллате ҳастем, ки хушбахтона, мактаби бузург ва беамсоли ватандорӣ ва ҳимоя аз Ватанро бо дастурҳои қиматбаҳои худ, амсоли “Шоҳнома”- и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем. Асарҳое, ки беҳтарин сабақи ҳимояи Ватану марзу бум, ватандорӣ ва қаҳрамониро ба мо таълим медиҳанду метавонанд ҷавонону наврасони моро дар ин руҳияи баланди ватандорӣ тарбият намоянд. Дар омади гап мехоҳам андешаеро, ки аз назари банда хеле муҳим аст, матраҳ намоям. Ба гумони банда, имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи бештаре ба таълиму тарбияи руҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ дар байни аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон ба истифодаи бештару фарогиртар аз сарчашмаҳои бебаҳои фарҳангамон рӯ орем.

 

Хусусан, гумон мекунам, таълими “Шоҳнома”-и безавол дар қисмҳои ҳарбӣ барои тарбияи руҳияи далериву ҷасорат ва ҷоннисории ватандӯстона аҳамияти бузург хоҳад дошт. Иқдоми волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тақдими ҳар хонадон намудани китоби “Тоҷикон”- и аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи ибрати мо хоҳад буд. Мо метавонем, ин иқдоми Пешвои миллатамонро дар мавриди тақдими китоби “Шоҳнома”- и ҳаким Фирдавсӣ — ин дастури бебаҳои ватандориву меҳанпарастӣ ба қисмҳои ҳарбии мамлакат, макотиби ҳарбии кишвар, бо таъсиси чорабиниву озмунҳое, ки мусоидат ба омӯзиши ин китоби бебаҳо кунанд, ба роҳ монем. Дар маҷмуъ, зиндагӣ нишон дод, ки дар зарфи 30 соли истиқлоли миллии мо ва 29 соли таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Тоҷикистони азизамон дорои Артиши қавии миллӣ ва сарбозону афсарони содиқу ҷоннисоре мебошад, ки метавон аз онҳо дилпур буд ва ба онон эътимоду бовар дошт. Он руҳияи милливу ватандӯстонае, ки Сарвари кишвари мо аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ талқин намудаву худ намунаи дурахшони он будаанд, имрӯз на танҳо сарбозону афсарон, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, балки тамоми миллати ватандӯсти тоҷикро фаро гирифтааст. Ва дар ин заррае ҷои шубҳа нест.

 

Имрӯз ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти халқамон, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳимояи нангу ор ва шарафу номуси миллии мост ва моро вомедорад, ки канори Артиши миллӣ сипари боэътимоди Меҳан дар ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, сарҳади шарафи гузаштагону имрӯзиёну фардоиён бошем!

 

Ҷалолов АБДУФАЙЁЗ,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

муаллими калони кафедраи

идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академия

Похожие записи