ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ АУДИТОРӢ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

корхона

Иқтисоди ҳар як давлат шабакаи васеи муносибатҳои мураккабест, ки ба он субъектҳои бо якдигар алоқаманд ворид мешаванд ва инчунин, онҳо бо шабакаҳои берун аз давлат низ ҳамкорӣ доранд. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ ба амалӣ гардидани иқтидору имкониятҳои муносибатҳои иқтисодии корхонаҳои саноатӣ вобаста аст. Бинобар ин, яке аз шартҳои ҳатмии ташкилкунии иқтисоди бозорӣ ин ислоҳоти асосӣ дар самти баҳисобгирӣ ва аудити натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба шумор меравад. Дар баробари гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши корхонаҳои саноатӣ басо муҳим буда, дар доираи тадбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръат саҳми назаррас гузошта истодаанд.

 

Бинобар ин маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади рушди босуботи корхонаҳои саноатӣ беҳтар намудани вазъи баҳисобгирӣ ва аудити натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ дар корхонаҳои саноатӣ манфиатовар маҳсуб ёфта, дар мукаммалгардонии фаъолияти истеҳсолии онҳо нақши ниҳоят муҳимеро амалӣ менамоянд.

 

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагардидаанд ва мо дар ин самт аз талаботи замона қафо монда истодаем.

 

Бо дарназардошти дастуру супоришҳои Сарвари давлат бояд баҳисобгирии муҳосибии субъектҳои хоҷагидор дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба роҳ монда шуда, пайваста мавриди санҷишҳо ва хизматрасониҳои аудиторӣ қарор дода шаванд.

 

Дар шароити иқтисоди бозорӣ назорат аз болои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва дигар субъектони хоҷагидор яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи фаъолияти самаранокии онҳо ба ҳисоб меравад. Назорати аудиторӣ яке аз назоратҳои маъмули паҳнгардида ва самараноки субъектони хоҷагидор дар шароити иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб рафта, самаранокии фаъолияти корхонаҳо аз дараҷаи сифати назорати аудиторӣ алоқамандии зич дорад.

 

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои аудиторӣ фаъолият доранд, ки метавонанд ба тамоми субъектони хоҷагидор хизматрасониҳои аудиториро дар сифати баланд пешниҳод намоянд.

 

Мавриди зикр аст, ки ширкатҳои аудитории ватанӣ бояд бо ҷалби мутахассисони варзида ба раванди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тавассути машваратҳои аудиторӣ таъсири мусбӣ расонида, дар ислоҳи камбудиҳо ва самаранокии фаъолияти истеҳсолии онҳо саҳмгузор бошанд.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти аудиторӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба танзим дароварда мешавад. Ин қонун 22-юми июли соли 2013, таҳти рақами 993 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

 

Қонуни мазкур тамоми паҳлуҳои фаъолияти аудиториро дар бар гирифта, ҳуқуқу уҳдадориҳои ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро муайян намудааст. Яъне, барои ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намудааст, то ин ки тавассути санҷишҳои беғаразонаи худ тавонанд дар рушди иқтисодиёти корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ иқтисодиёти мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз сатҳи баланди хизматрасониҳои аудиторӣ аз ҷониби ширкатҳои аудитории ватанӣ дар бозори хизматрасониҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудиҳои зерин ҷой доранд:

  • Бо пуррагӣ ҷавобгӯ набудани хизматрасониҳои аудиторӣ ба Стандартҳои байналхалқии Аудит;
  • Сатҳи пасти донишҳои молиявии аудиторони ширкатҳои аудиторӣ;
  • Ҷойд доштани норасоиҳо дар риояи шаффофияти санҷиши аудиторӣ;
  • Сатҳи пасти сифати хулоса ва пешниҳодҳои аудиторӣ;
  • Бо таври бояду шояд баҳо дода натавонистан ба ҳолати молиявии корхонаҳои саноатӣ;
  • Сатҳи пасти назорат аз ҷониби ташкилотҳои назоратии ширкатҳои аудиторӣ.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар раванди фаъолияти ширкатҳои аудиторӣ мушкилоти зиёде мавҷуд аст, ки ба рушди хизматрасониҳои аудиторӣ дар кишвар халал ворид менамоянд.

 

Ҳисоботи молиявии корхонаҳои саноатӣ бояд мувофиқи Стандартҳои Байналхалқии Ҳисоботи Молиявӣ ба роҳ монда шаванд.

 

Бо ин мақсад барои шаффоф ва боэътимод будани ҳисоботи молиявии корхонаҳои мазкур бояд ширкатҳои аудиторӣ фаъолияти пурсамарро анҷом дода, оид ба дуруст тартиб додани ҳамаи шаклҳои ҳисоботи молиявӣ мусоидат намоянд.

 

Бояд зикр намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи баҳисобгирӣ ва хизматрасониҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои зерин зарурат дорад:

  • Пурзўр намудани назорат аз болои ширкатҳои аудиторӣ аз ҷониби мақомотҳои назорати давлатӣ;
  • Пеш аз додани шаҳодатномаи фаъолияти аудиторӣ аз санҷиш гузаронидани сатҳи донишҳои молиявии аудиторон (новобаста аз пешниҳоди сертификатҳои байналхалқӣ);
  • Додани иҷозатномаи аудиторӣ танҳо ба дорандагони сертификати байналхалқии CIPA (зеро дар ширкатҳои аудитории ватанӣ аксари аудиторон ин сертификати байналхалиқро надоранд ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки сатҳи донишҳои молиявии онҳо кофӣ нест);
  • Ҳар сол як маротиба аз аттестатсия гузаронидани фаъолияти ширкати аудиторӣ ва донишҳои аудиторони ин ширкат;
  • Аз аудиторони дохилии корхонаҳои азими саноатӣ низ ҳатман талаб намудани сертификатҳои сатҳи байналхалқӣ оиди фаъолияти аудиторӣ.

 

Андешидани чораҳои зикршуда метавонад бевосита ба сатҳу сифати хизматрасониҳои аудиторӣ таъсири худро расонида, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

 

Ҷиёншоҳ САИДМУКАРАМЗОДА,

магистранти Академия 

Похожие записи