ВОЛОНТЁРӢ МОРО РУШД МЕДИҲАД

Волонтёри

Ҳамасола 5-уми декабр рӯзи умумиҷаҳонии волонтёрон қайд карда мешавад. Фаъолияти волонтёрӣ фаъолиятӣ бошарафу хайрхоҳона баҳри ободиву пешрафти диёр ва ҷомеа мебошад. Тавассути фаъолияти волонтёрӣ мо, ҷавонон ҳиси ватандӯстию мардонагӣ ва дӯстию рафоқатро меомӯзем. Фаъолияти волонтёрӣ фаъолияти пурсамари ҷавонони босаодату адолатпеша ба ҳисоб меравад. Мактаб, оила, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ ва садҳо арзишҳои дигари зиндагӣ ба мафҳуми волонтёрӣ тавъам мебошанд.

 

Маҳз бо фаъолияти волонтёрӣ мо, ҷавонон тавонистем, ҳам дар ҷомеа, ҳам дар оила ва ҳам байни дӯстони худ мавқеи хешро пайдо намоем ва истеъдоду малакаи худро нишон диҳем.

Бо дастгирии  бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти волонтёрӣ барои рушди малакаҳои зеҳнӣ, инкишофи маънавӣ, рушди истеъдодҳо, анҷом додани амалҳои хайрхоҳона ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон  ва барои соҳибтахассус гаштани онҳо соли 2013 Қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардид. Дар асоси ин қонун имрӯз дар тамоми муассисаҳои миёна, олии касбӣ, мақомотҳо ва кумитаҳои давлатӣ волонтёрон фаъолият доранд.

Бояд гуфт ин намуди фаъолият барои тарбияи ҷавонон заминаҳои мусоидро фароҳам меоварад. Онҳоро дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ, меҳанпарварию накукорӣ тарбия менамояд. Ин фаъолият имкон медиҳад, ки ҷавонон бо анҷоми корҳои шоиста миёни ҷомеа нуфузу мартабаи хешро пайдо намоянд.

Барои ман ҳамчун як ҷавон ин фаъолият барои такмил ёфтану рушд кардан заминаи мусоид фароҳам овардааст. Маҳз фаъолияти пурсамари волонтёрӣ буд, ки дар форуму конфренсияҳои давлатӣ ва байналмилалӣ иштирок кардам. Маҳз тавассути фаъолияти волонтёрӣ ман дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардам.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба мо, ҷавонон таъкид намуданд: “Шумо ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва неруи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоед, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардед, неруи эҷодиву илмӣ ва ташаккури созандаву бунёдкории худро пайваста густариш диҳед”. Пас, мо, ҷавонони саодатмандро мебояд баҳри пешрафт ва гулгулшукуфоии ин Ватани биҳиштосо саҳми арзандаи хешро гузорем.

 

Гулшанбону НОСИРЗОДА,

донишҷӯи курси 1-уми

факултети дипломатия ва сиёсат

 

 

 

Аксҳо