Дар АИДНПҶТ конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид

конфронс

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсат бахшида ба таҷлили 72-юмин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар мавзӯи “Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити мураккабшавии равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дигар чолишҳои асри XXI” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

 

 

Дар кори конференсия Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Қодирзода Далер Сайфулло – декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ – муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диноршоҳ Азиз Мусо – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Саъдизода Ҷаҳонгир – мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигарон бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд.

 

Конференсияи илмӣ-амалиро Абдухалил Ғафурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки 10 декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар – барҷастатарин санад дар таърихи инсоният қабул гардидааст. Дар ҷаҳон то ҳанӯз ягон санад чунин баҳои баландро сазовор нагаштааст. Зеро ин ҳуҷҷати таърихӣ дар худ консепсияи ҳуқуқу озодиҳои инсон, принсипҳои асосии ҳуқуқҳои инсонро таҷассум намудааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар кардааст, ки меҳвари асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон эътирофи қадру қимати шахсият мебошад, ки он ба тамоми аҳли башар аст. Тибқи муқарароти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқи баробар ва дахлнопазирии онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум мебошад.

 

Дар конференсия зиёда аз 20 маърўза дар мавзўъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши таърихи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ташаккули фарҳанги умумибашарии ҳуқуқи инсон, махсусияти фаъолияти гумрукӣ хамчун объекти идоракунии давлатӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон, вазъи ҳуқуқи инсон дар шароити ҷаҳонишавӣ, асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодии инсон ва шаҳрванд ва ғайра ба самъи ҳозирин расонида шуд.

 

Зикр гашт, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои қабули санадҳои зиёди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон замина гузошт, ки барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Эъломия ҳанӯз ҳам бо гузашти қариб 72 соли амали худ ба ҳаёти инсонҳо таъсир расонда, ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Принсипҳои асосии он то ҳанӯз нигоҳ дошта шуда, ба қонунгузорӣ ва конститутсияҳои давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.