ВОХӮРИИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ БО АСПИРАНТОН

photo_2021-10-16_13-24-18

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ зимни сафари корӣ 15 октябри соли 2021 дар ҳошияи Анҷумани  XIII Ассотсиатсияи Россия оид ба тадқиқоти байналмилалӣ бо аспирантони Академияи идоракунии давлатӣ, ки тариқи бурсия дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вохӯрии судманд анҷом дод.

 

Зимнӣ вохурӣ ректори Академия аз шароити таҳқиқот ва таҳсили аспирантон пурсон шуда, доир ба мавзуъҳои илмӣ-тадқиқотияшон суҳбат намуд. Профессор Ғафурзода А.Д. зикр намуд, ки дар раванди тадқиқот ҳамеша мавзуъҳои амалӣ ва муосирро бояд матраҳ намуд, чунки рушди Тоҷикистони азиз ҳамеша ба тадқиқоти бунёдиву амалӣ вобастагии зич дорад. Роҳи илм ҳамеша заҳматталаб, вале пурифтихору мондагор аст. Маҳз идеяи илман асоснокшуда метавонад, ки ба ҷомеа рушду пешрафт биорад.

 

Ректори Академия иброз дошт, ки ҷониби мо тамоми чораҳоро барои ҳавасманд намудани муҳаққиқони ҷавон рӯи кор гирифта, таҳкими иқтидорӣ илмӣ ва илмӣ-педагогӣ самти муҳиму афзалиятноки фаъолияти муассиса арзёбӣ гардидааст.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ аспирантон бо ҳайати Академия дар бахши махсуси анҷумани болозикр таҳти унвони “Афғонистон дар низоми муносибатҳои минтақавӣ” фаъолона иштирок намуданд.

Аксҳо

Похожие записи