ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ САЙЁРИ АЗНАВТАЙЁРКУНӢ ДАР ХОРУҒ СОҲИБИ ГУВОҲНОМА ГАРДИДАНД

photo_2021-10-16_13-08-21 (2)

15-уми октябри соли 2021 курси сайёри азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар шаҳри Хоруғи вилояти ВМКБ барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардида буд, ҷамъбаст гардид.

 

Дар маросими ҷамъбасти курс муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф., дотсент Қодиров Зоҳир, мудири шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Авзалшоева Муслима, мудири шуъбаи кор бо кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Имомназар Хуҷаназар иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Зоҳир Қодиров зимни суханронӣ иброз дошт, ки курсҳои такмили ихтисос василаи хуб барои такмили дониши хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ, ки дар курсҳои мазкур донишҳои касбии худро васеъ карданд, имкон доранд дар раванди кору фаъолият омӯхтаҳои хешро ба роҳ монда, ба натиҷаи дилхоҳ дар сатҳу сифати кор ноил гарданд.

 

Ёдрас менамоем, ки барои шунавандагони курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба паҳлуҳои мухталифи соҳаи идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ машғулиятҳо гузаронида шуда, барояшон устодони варзида, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ дарс гуфтанд.

 

Дар анҷоми курс дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардида, шунавандагон дар раванди он ширкати фаъол доштанд.

 

Ба шунавандагони курс пас аз суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим гардид.

Похожие записи