Вусъати корҳои ободонӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

IMG_6640

 Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашти майдонҳо ва ҷиҳати мутантан истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ санаи 14 – уми марти соли ҷорӣ дар назди бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодон, кормандон ва донишҷӯёни якдилона шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

    Дар ин маъракаи муҳим, ки ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ шуд, устодону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда,  бехи дарахтонро нарм карда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Академия, ҳамчунин, аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Академия (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо, чароғҳо ва чароғакҳои атрофро тоза карданд.

  Ҳамазамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ аз ҳисоби устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

    Мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди Академия ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе коллективи меҳнатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвата ба ҳашар мебароянд.

Аксҳо

Похожие записи