Дар Академияи идоракунии давлатӣ бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ аксия баргузор гашт

IMG_9223

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва густариши бемории сироятии СОVID – 19 бо иштироки волонтёрони Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳшарифов Хилолиддин, Бурҳонов Нодирҷон, инчунин сардухтури бунгоҳи тиббии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Намоз, мудири бахши кор бо ҷавонон Абдулҳаева Насиба, муовини декани факултети Дипломатия ва сиёсат оид ба корҳои тарбиявӣ Боронов Беҳрӯз, мутахассиси пешбари кор бо ҷавонон Шукурова Ҳилола миёни донишҷӯён вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон Насиба Абдулҳаева чорабиниро оғоз бахшида, ҳадаф аз баргузории вохӯриро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус арзёби кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ волонтёри Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳшарифов Ҳилолиддин роҷеъ ба пешгирӣ ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 ба донишҷӯён иттилоъ дода, махсусан таъкид дошт, то ба қоидаҳои санитарӣ қатъиян риоя намоянд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби волонтёрон 150 адад варақаҳои тарғиботӣ тақсим гардида, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус бояд дар мадди аввал худро аз издиҳом канора гиранд.

Дар охир донишҷӯён вобаста ба масъала саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Аксҳо

Похожие записи