Дар Академияи идоракунии давлатӣ вобаста ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вохӯри доир гашт.

IMG_0870

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол доир мегардад, вохӯрии кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон, донишҷӯёну магистрантон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Суфиев Фарҳат – сардори Раёсати тарбия, Насиба Абдувоҳидова — мудири бахши кор бо ҷавонон, Ҷабборзода Динора -намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Суфиев Фарҳат оғоз намуда, иброз дошт, ки Маҳфили мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» амалӣ шуда, нақшаи фаъолияти маҳфил тибқи талаботи Низомномаи озмун омода гардида, шумораи хоҳишмандон барои узвият дар маҳфил дар ҳоли афзоиш аст.

Таъкид гардид, ки ташкил ва баргузор намудани озмуни мазкур имкон медиҳад, ки маърифатнокии ҷомеа баланд гардида, сокнинони мамлакат, аз ҷумла ҷавонон имкон доранд, ки аз адабиёти пурғановати гузаштаву имрӯзаи хеш воқиф гарданд.

Дар вохӯри қайд гардид, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” — ро метавон, бидуни шубҳа, яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар номид. Зеро ин озмун воқеан шабеҳи субҳе буд, ки бо фурӯғи равшани худ, метавонад ҳаёти дӯстдорони адабиётро мунаввар намояд.

Ин сапедадами дониш муҳаббати фарзандони моро ба китоб бедор кард, дари китобхонаҳоро боз намуд, китобро то ҷойе дасти ба дасти мардум ва хусусан, наврасону ҷавонон гардонд. Аввалин падидаи нишотбахш он буд, ки ангезишҳои ин озмун ҳама кишварро фаро гирифт ва нахустин таассуроташ он аст, ки озмуни мазкур бори дигар исбот намуд, ки миллати тоҷик миллати китобдор ва китобдӯст аст. Яъне дар сиришти поки ин халқи соҳибтамаддун ва фарҳангсолор ҳанӯз оташи фарҳангу маърифат боқист ва метавон ҳар лаҳзае онро фурӯзон сохт. Ин аз он далолат медиҳад, ки ниёгонамон аз худ ба мо асарҳои пурғановати худро ба меърос гузоштаанд.

Динора Ҷабборзода, зимни суханронӣ иштирокдоронро ба Низомнома ва бо тартиби гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шинос намуда, қайдкарданд, ки тавре аз низомномаи озмун бармеояд, он бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрантону аспирантон, докторантҳо, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат доир мегардад.

Қайд гашт,ки раёсати Академия тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик даври Академиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ро баргузор намуда, ғолибонро ба даври ноҳиявӣ пешниҳод намояд.

Вохӯрии мазкур дар як фазои озод ҷараён гирифта, донишҷӯён ба саволҳо пешниҳоднамудаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Аксҳо

Похожие записи