ДАР АКАДЕМИЯ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

IMG_4670

Бахшида ба 30-солагии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ ва кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии факултети дипломатия ва сиёсати Академия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои тақвияти ватандӯсти ва ҳифзи арзишҳои миллӣ — омили муҳимми таҳкими давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.

 

Дар кори конференсия роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳо аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таълимии кишвар ва намояндагони ВАО иштирок карданд.

Конференсияро Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки пойдорӣ, пешрафт ва шукуфоии давлату миллат ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ аз истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ замина гирифта, миллату давлатро ҷовидон нигоҳ медорад. Раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар ҷаҳони муосир босуръат идома дорад, аз ҳар давлати миллӣ тақозо менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ғоя ва худшиносии миллиро тақвият бахшад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин масъалаи тақдирсози миллатро дар тамоми баромаду суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд. Тавре ки Пешвои миллат иброз менамояд: “Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, ҳадафи муҳим маҳсуб мешавад”. Мусаллам аст, ки солҳои охир масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар Паёми ниҳоии худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) вобаста ба ин масъала таъкид гардид, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.

Ҳамчунин, дар қисмати пленарии конференсия генерал-майори милитсия, сарходими АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҷидзода Ҷурахон дар мавзӯи “Масъалаҳои шаклгирии озодии фикрии ҷавонон ва ҳифзи ватандӯстӣ аз унсурҳои радикалӣ ва ифротӣ”, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, полковник Абдураҳмонзода Раҷабмад Ашур дар мавзӯи “Терроризм: таҳдиду хатарҳо, дурнамо ва корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар шароити паёмадҳои сиёсию идеологӣ дар байни ҷавонони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муовини ректор оид ба илми Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Мирзоқодир Аюб дар мавзӯи “Ватандӯстиву хештаншиносӣ заминаи бунёдии рушди ҷомеа ва давлат” маъруза намуданд.

Дар баромадҳои худ маърӯзакунандагон қайд намуданд, ки ватандӯстиву ватанпарастӣ, муҳаббат ба арзишҳои меҳанпарастӣ, ҳифзи амнияту осоиш ва якпорчагии Ватан аз вазифаҳои муҳимтарини аҳолии мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Дар конференсия дар ҷаласаи пленарӣ ва бахшҳо масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

  • Сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии тарбияи меҳанпарастӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ ва ҳифзи асолати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Инъикоси масъалаҳои худшиносию худогоҳӣ ва тарбияи ватандӯстӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули шуури ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ;
  • Ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарбияи меҳанпарастӣ ва ташаккули ҳувияти миллии ҷавонон дар шароити таҳдидҳои замони муосир;
  • Нақши фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва арзишҳои миллӣ;
  • Нақши ВАО-и давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар шароити бунёди давлати миллӣ;
  • Худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ-маҳаки асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир;
  • Таҷрибаи ҷаҳонии тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми давлат дар ҷаҳони муосир;
  • Масъалаҳои пешгирии ҷанбаҳои манфии таъсири фарҳанги бегона ба афкори ҷавонон дар шароити глобализатсия.

Натиҷаҳои конференсия дар ҷаласаи умумӣ ҷамъбаст гардида, тавсияҳо пешниҳод мегарданд.

Маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия дар шакли китоби алоҳида нашр гардида, ҳамчун дастури илмию методӣ барои хизматчиёни давлатӣ, профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон  ва доираи васеи хонандагон пешниҳод  мегардад.

Похожие записи