ДАР АКАДЕМИЯ “МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ” ИФТИТОҲ ГАРДИД

IMG_7786

Имрӯз, 17 июни соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия” ифтитоҳ гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи “Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия” Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Заки Карагёл, устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар шурӯи ифтитоҳи Марказ Ректори Академия Ғафурзода А.Д. иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ солҳои охир обрӯву нуфузи баланд касб намудааст. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро равобити байналмилалии сиёсати “дарҳои боз” ташкил медиҳад, ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои дуру наздик густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра муносибату ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия боз ҳам мустаҳкам гардида, равобити фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ин ду кишвари ба ҳам дӯст афзуд. Махсусан, ҳамкориҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии ду кишвар, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад, густариш ёфт.

 

Тайи солҳои ахир дар доираи ҳамкориҳои судманди тарафайн чорабиниҳои муштарак миёни корхонаву муассисаҳои гуногуни ду кишвари ба ҳам дӯст мунтазам роҳандозӣ мегардад.

 

Дар ин росто Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо созмонҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Туркия, ки дар Душанбе фаъолият доранд, робитаи дӯстӣ барқарор намуда, ҳамкориҳои тарафайнро роҳандозӣ намуда истодааст.

 

Ёдовар мешавем, ки 29 апрели соли 2021 миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Дафтари ҳамоҳангсозии Барномаи ТИКА дар шаҳри Душанбе ва Маркази омӯзиши забони туркӣ (ТӮМЕР) Қарордод оид ба ҳамкорӣ дар бораи таъсиси “Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия” ба имзо расида буд.

 

Бояд зикр кард, ки мақсад аз таъсиси “Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия” ин саҳмгузорӣ барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркия ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи идораи давлат, хизмати давлатӣ ва омӯзиши забонҳои гуногуни хориҷӣ мебошад.

 

Дар доираи ҳамкориҳои муштараки байни Академия ва ТИКА дар маркази мазкур синфхонаи лингофонӣ барои гузаронидани маҷлису вохӯриҳова имтиҳонҳои тестӣ аз тарафи ТИКА таъмир ва муҷаҳҳаз гардидааст.

 

Таъсиси ин маркази бори дигар собит менамояд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия боз ҳам пайваста рушду нумуъ менамояд ва дӯстии ин ду мардуми фарҳангдӯстро тақвият мебахшад.

 

Дар доираи ифтитоҳи марказ дар Академия чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон баргузор гардид.

Похожие записи