ДАР АКАДЕМИЯ МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БАРГУЗОР ГАРДИД

IMG_0695

Имрӯз, 22 августи соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура дар соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ноибони ректор, омӯзгорон ва кормандону хатмкунандагон иштирок намуданд.

Ректори Академия, профессор Ғафурзода Абдухалил нахуст ҳамаи хатмкунандагонро табрик намуда, иброз дошт, ки чорабинии имрӯзаи мо дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки аз дастоварди бузургтарини таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, баргузор гардида истодааст. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, тамоми дастовардҳои мо аз ин неъмати гаронбаҳо маншаъ мегирад.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар яки мост. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Хатмкунандагони Академия бояд бо донишҳои андӯхта аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда нишон диҳанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунанд ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд. Дастпарварони ин боргоҳи маърифат бояд нафароне бошанд, ки ба Ватан — модар ва ба муассиси Академия — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқату самимият ва эҳтиром дошта бошанд. Ҳамзамон онҳо бояд ба қадри истиқлолу озодӣ ва арзишҳои муқаддаси Ватани маҳбубамон расанд ва дар пешрафту шукуфоии он саҳми беназир гузоранд.

Баъди суханрониҳо маросими супоридани дипломҳои аъло сурат гирифта, ба 25 нафар магистрант ва 40 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавриат дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои аъло супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ Академияро 505 нафар дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура (шакли таҳсили рӯзона) хатм намуданд, ки аз ин шумор 65 нафар (12,9%) соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Дар охир шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавони Академия, чун ҳамеша дастагули рангини фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона дар васфи Ватан — Модар, ваҳдату якдилӣ ва Истиқлолияти давлатӣ буданд, пешниҳоди ҳозирин гардонидаанд.

Похожие записи