ДАР АКАДЕМИЯ МАҲФИЛИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВИИ “РОҲБАРИ МАРДУМӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

IMG_5781

16 ноябри соли равон бо ташаббуси раёсати тарбияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри 9-уми маҳфили доимоамалкунандаи илмӣ-тарбиявии “Роҳбари мардумӣ” бахшида ба Рӯзи Президент ва 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷаласаи қисмат” баргузор гардид.

 

Дар маҳфили мазкур роҳбари маҳфили доимоамалкунандаи илмӣ-тарбиявии “Роҳбари мардумӣ” Абдулҳаев Абдулвоҳид, Директори маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Сайдаҳмадзода Дилором, Декани факултети фосилавӣ ва маълумоти дуюми олӣ Маҳмадов Иброҳим, намояндаи Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ғаффорзода Давлатҷон, муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия Маликшоева Шоҳбегим, сармутахассиси шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия Остонаев Шавкат, роҳбари Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академия Бердизода Сиявуши Қосим иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар аввал роҳбари маҳфили илмӣ-тарбиявии “Роҳбари мардумӣ” Абдулҳаев Абдулвоҳид тамоми иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам намуда, аз таърихи баргузории Иҷлосияи тақдирсози миллат ва хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ ибрози назар намуданд.

 

Сипас директори маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Сайдаҳмадзода Дилором суханронӣ намуда, тамоми иштирокчиёни маҳфилро ба муносибати Рӯзи Президент табрику таҳният намуда, аз заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи бесарусомонӣ ва хатарҳои аз байн рафтани давлат ёдовар шуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки: “Маҳз заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо имрӯз тоҷикон соҳиби давлат ва муқаддасоти миллӣ гаштаем”.

 

Дар идома меҳмонон дар мавзӯъҳои мухталиф оид ба баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки онро “Ҷаласаи қисмат” меноманд, маъруза намуда, таҷлили ин рӯзро басо муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Ҳамзамон, аз ҷониби Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ аъзоёни фаъоли маҳфили доимоамалкунандаи илмӣ-тарбиявии “Роҳбари мардумӣ” бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

 

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон ва ҳаваскорони муассиса барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки ба маҳфил қабои идона бахшид.

Похожие записи