РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — ҶАШНИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

1594800673_prezident-jemomali-rahmon

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузург ва фарзанди фарзонае ниёз дорад, ки ў беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давраи ҳассос, аз байнравии миллат, пароканда ва порча-порча тақсим гардидани давлат дар арсаи таърихи миллати тоxик қадами бахосияти худро гузошт —  ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар шароити барои миллати тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси  раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

Ин фарзанди фарзонаи миллат ҳанӯз аз оғози кор ба   ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ, хотима гузоштан ба ҷанги бародаркуш, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ба эътидол даровардани вазъи дохилии кишвар, мусодира намудани яроқу аслиҳа аз дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст, ба ҳам овардани тамоми сокинони кишвар, барқарор намудани ваҳдати комил дар саросари кишвар, наҷот бахшидани кишвар аз вартаи қашшоқию камбизоатӣ, ба даст даровардани сулҳу оштӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, эътирофи давлатдории тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наҷот додани мардум аз гуруснагӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани  ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ аз таъриху фарҳанги ниёгонамон, эҳё намудани санъату ҳунарҳои суннатию мардумӣ ва шинохти бузургони миллат ҳадафҳои стратегии хешро омода намуда бо як матонату ҷасорати нотакрораш баҳри амалӣ намудани онҳо саъю талош намуд.

 

Хушбахтона, сарвари оқилу доно тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан рушду такомули маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои сокинони кишвар, волоияти қонун ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намояд.

 

Давоми соли 1992-1997 ин вазифаҳо ҳалли худро ёфта, дар кишвар сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати ягона барқарор гардида, мардум ба ҳаёти осоишта баргаштанд ва давраи нави фаъолияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон оғоз гардида, сол аз сол дар ҳамаи самтҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳо ба амал омаданд.

 

Ҳамагон, шоҳид ҳастем, ки роҳбари давлат ҳадафҳои стратегии баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнити озуқаворӣ ва саноатикунонии кишварро роҳандозӣ намуда, тӯли 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои бузурге ба анҷом расонида шудааст.

 

Бояд қайд намуд, ки тамоми бурдборию музаффариятҳои давлати тоҷикон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ бевосита ба кору фаъолияти пурсамари дилсӯзию ҷонбозиҳо, сӯхтанҳою сохтанҳо ва ташаббускории бемислу монанди ин шахсияти бузурги таърихӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.

 

Маҳз, қадрдонӣ аз кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи 15 ноябри соли 2016, оид ба ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ва дар таърихи 16-уми ноябр ҳамасола ҷашн гирифтани Рўзи Президент  қабул гардида, аз соли 2016 инҷониб санаи 16 ноябр дар саросари кишвар  боз як иди умумихалқӣ — Рўзи Президент ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.

 

Айни замон, бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, тантанаи адолати қонун, пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва шодию фараҳи рӯзгор мо ин ҷашни бузургро, ки таҷассумгари ормонҳои миллати тоҷик мебошад, таҷлил намуда истодаем.

 

Бигзор, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам хурраму зеботар гардад.

 

Сайёд ШАРИПОВ,

магистранти Академия

Похожие записи