ДАР МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАРДИД

IMG_3184

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Дурнамои фаъолият ва ҳамкориҳои Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар муовини Котиби генералии СҲШ, шарикони Марказ, аз ҷумла Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон, Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узви СҲШ ва мутахассисони соҳа иштирок ва суханронӣ намудаанд.

 

Нахуст, мизи мудавваро Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тибқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар созмон аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон гузашт, ки он ба санаи таърихӣ – 20 — солагии таъсисёбии СҲШ рост меояд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи созмон буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Дар мувофиқа бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатӣ Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ таъсис гардид. Маркази мазкур ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушд қарор дорад.

 

Зикр гашт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва рисидан ба мақсадҳои дар назди худ гузошта, Марказ дурнамои рушд ва фаъолияти 5-соларо коркард карда истодааст. Мутобиқи он Марказ чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ва чорабиниҳои Марказ ба нақша гирифтааст.

 

Дар чорабинии мазкур масъалаҳо марбут ба самтҳои фаъолияти Марказ, ҳамкориҳои марказ бо шарикони он, васеъ намудани доираи шарикон, коркарди лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи хусусияти гунонугдошта баррасӣ шуданд. Дар рафти мизи мудаввар Ёдошти тафоҳум миёни Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон ба имзо расид, ки санади мазкур заминаи устувори ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳо хоҳад шуд.

 

Таъкид гашт, ки ин созмони бонуфуз соли 1997 дар ҳайти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия бо номи Панҷгонаи Шанхай таъсис ёфт. Боис ба ёдоварист, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Панҷгонаи Шанхай ва баъдтар Созмони ҳамкории Шанхай басо назаррас аст.

 

Айни замон, СҲШ аз 8 давлати аъзо, чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Муғулистон) ва 6 давлати шарикони мусоҳибавӣ (ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка) иборат мебошад.

 

Масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тақрибан 34,3 миллион километри мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 миллиард нафар аст, ки 43,8 дарсади аҳолии сайёраи Заминро ташкил медиҳанд.

 

Дар қисмати ниҳоии миззи мудаввар як қатор пешниҳодҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва лоиҳаҳо пешниҳод гардид.

 

Аксҳо

Похожие записи