ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ҲАМАГОН САҲМГУЗОР БОШЕМ!

337360750_471283958462068_8063437485846282384_n

Мусаллам аст, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз, ки айни замон тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зудобшавии пиряхҳо мебошад. Зеро захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва инчунин устувор будан ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши басо ҳам калидии худро доранд.

 

Бояд зикр кард, ки масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари Пешвои муаззами миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба мушкилоти об дар қатори дигар таҳдиду хатарҳо, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, муҳим арзёбӣ мегардад.

Кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ду даҳсолаи охир ба масъалаи глобалии ҳифзи обу иқлим таваҷҷуҳи хос доранд. Ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ҳалли мушкилоти экологӣ яке аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Дар пайи ин ташаббусҳо шуруъ аз соли 2025 ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад.  Тавре ҳамагон воқиф гардидем ба қарибӣ рӯзҳои 22 — 24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Нию-Йорк Конфронси оби СММ таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерландия баргузор гардид, ки дувумин Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаи об мебошад.

Қобили зикр аст, ки аввалин Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаи об соли 1977 дар Аргентина сурат гирифта буд ва хушбахтона, тақрибан баъди 50 сол чунин чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора баргузор гардид, ки боиси ифтихори мо тоҷикон маҳсуб меёбад.

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар доираи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои обу иқлим равона шудааст. Агар ба масъалаҳои об дар миқёси ҷаҳонӣ назар андозем, имрӯзҳо беш аз 2 миллиард нафар сокинони сайёраи олам аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ҳамзамон наздики 3,6 миллиард нафар мардум бе оби санитарӣ монда ва ҳатто имрӯзҳо аз се як нафари аҳолӣ ҳатто аққалан дастрасӣ ба оби дастшӯйӣ надоранд. Бар замми ин 80 дарсади пасобҳо бе коркард ва безараргардонӣ ба муҳити атроф партофта мешаванд ва коркарди дубораи онҳо умуман сурат намегирад.

Инчунин, бо гармшавии ҳаво сол ба сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ зиёд мушоҳида шуда, хисороти молиявӣ дар давоми 20 соли охир беш аз 200 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин радиф, баргузории Конфронси оби Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню — Йорк дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 22 то 24-уми марти соли 2023 сурат гирифт, дар ҳалли бисёр масъалаҳои глобалии об саҳми назаррас гузошт. Дар ин конфронс, пеш аз ҳама, 5 соли иҷрои нақшаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” натиҷагирӣ карда шуд.

Қабл аз баргузории конфронс, аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Нидерландия як ҳуҷҷати муҳим омода гардид, ки дар он изҳороти муштараки ду кишвар дарҷ шуда, аз се принсип иборат буд. Нахуст, принсипи инклюзивӣ буда, тибқи он, ҳамаи кишварҳо барои иҷрои корҳо ҷалб шудаанд.

Дуюм, принсип оид ба тақвият бахшидани амал дар татбиқи нақшаю чорабиниҳои тасдиқшуда буд. Принсипи сеюм, ин амалҳои байни соҳавианд, ки дар онҳо мутобиқатии об бо тағйирёбии иқлим ва дигар соҳаҳо ба назар гирифта шуд.

Мақсади асосии конфронс низ пеш аз ҳама расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ мувофиқа ва муайянгардида маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, барои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои гармшавии глобалии сайёра бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ дастаҷамъона амал намоем, зеро тавре медонем, табиат сарҳад ва миллатро намешиносад

Тавре мо хуб медонем бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ барномаҳои тадқиқотии илмӣ, тадбирҳои сиёсӣ ва техникӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим таҳия гардиданд ва ҳамзамон амал мекунанд. Дар ин бахш чаҳор пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масоили обу иқлим басо ҳам назаррас мебошанд. Бо вуҷуди ин, саҳмгузории бештар талаб карда мешавад. Зарур аст, ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон дар муҳофизати пиряхҳо ва сайёра саҳмгузор бошанд.

САЪДИЕВ И.,

мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатии Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

КАРИМОВ А.,

 дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатии Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Похожие записи