ИФТИТОҲИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

5

27 октябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои мутахассисони шуъба (бахш)-и кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Носиров Миршароб Сангинович, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон, мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонзода Рухшонахон, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ Раҷабов Шуҳрат Абдуҷабборович аз рӯи барномаи “Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси сайёри такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.

 

Сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Миршароб Носиров курсро ифтитоҳ бахшида, ба шунавандагон муваффақиятҳо таманно кард. Мавсуф иброз дошт, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

 

Тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курси мазкур вобаста ба мавзуъҳои шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, мактаби сарварии занони муваффақ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, масъалаҳои гендерӣ дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида шуд.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим мегардад.

Аксҳо

Похожие записи