ДОНИШҶӮИ АКАДЕМИЯ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ НАМУДИ “УШУ”

IMG_3581

Тавре маълум аст, варзиш гарави саломатӣ буда, шуғли дӯстдоштаи қишри ҷавони ҷомеа маҳсуб меёбад. Солҳои охир иштироки ҷавонони кишвар дар мусобиқаҳои варзишӣ торафт афзуда, онҳо моҳияти варзишро дарк намудаанд. Ин аст, ки ҷавонон дар намудҳои гуногуни он малакаю маҳорати худро санҷида, дастболо мешаванд. Хушбахтона, донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ фаъолона ширкат варзида, ғолибият ба даст меоранд.

 

Рӯзҳои 23-24-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Федератсияи “Ушу”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон аз намуди варзиши “Ушу” мусобиқа баргузор гардид.

 

Дар мусобиқаи мазкур Меҳроҷиддини Сӯҳроб, донишҷӯи курси 2-юми факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардид.

Похожие записи