ДОНИШҶӮЙИ АКАДЕМИЯ ДАР БАЙНИ ИДМ БО МЕДАЛИ “БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮ-2021” САРФАРОЗ ГАРДИД

IMG_6924

Боиси хушнудист, ки чанде қабл донишҷӯи факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Низомиддин дар лоиҳаи “IV нашриёти байналмилалии китоби “Беҳтарин донишҷӯ”, ки байни муассисаҳои илмӣ – таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30-солагии Иттиҳод амалӣ гардид, иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ”  сарфароз гардид.

 

Бояд ёдрас шуд, ки озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон” ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи “Ҳаракати умумимиллии Бобек” байни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.

 

Аз номи Раёсат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Сафаровро бо ин дастоварди илмӣ табрик гуфта, барояш фатҳи қуллаҳои баланди илм ва комёбиҳои беназир таманно мекунем.

Похожие записи