ДРАЙВЕРИ СИЁСАТИ МУОСИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

IMG_7366

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як насими тозае дар фазои сиёсии кишвар ато намуд. Сад не, ҳазор Шукр аз ин муҳити ором, осоишта, обод ва осудаи сарзамини миллати тоҷик, ки бо кӯшиш ва заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами худ, имрӯз соҳиб гардидааст.

Дар ин драйвер, яъне Барномаи нави сиёсии худ, Пешвои миллат, тавонист парадигма – намунаи муосири давлатсозиро ба халқи азизаш пайғом намояд.

Тибқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба хотири наҷоти табиат ва инсоният, бо лоиҳаи “Миллати солим”, барои ватани хурраму сарсабз, Барномаи кабудизорсозии “Кишвари сабз”, “Иқтисоди сабз”, “Энергияи сабз”, “Долонҳои сабз”, муҳите бавуҷуд овардааст, ки фавт ду баробар коҳиш ёфта, дарозумрии аҳолӣ таъмин, “истеҳсоли дохилии рӯ ба инкишоф”, дар раддабандии созмонҳои ҷаҳонӣ намуна, технологияиҳои муосири рақамӣ дар хизмат ва аз ҳама асосиаш “маорифи муназзаму мустаҳкам”, “бо ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии мутаассил”, ки аз “маърифати баланди ҳуқуқӣ” сарчашма мегирад, ки дар ин ҳудуди марзию маъмурӣ “кишвар биҳиштосо” муаррифӣ гардидааст.

Ин омилу унсурҳо меҳвари Барномаи нави сиёсии Сарвари давлат гардид, ки ба замири қалби миллионҳо, дар соли ҷашни бузурги миллат 30-солагии қабули Конститутсия, ки тавонист “пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳад” нуру зиёи тоза бахшид.

Фишангҳои хеле муҳим ва асосиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Парламенти мамлакат ироа намуданд. Ба монанди:

  • танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи низоми сиёсӣ метавонад рушди устуворро таъмин намояд;
  • таъмини волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – асоси бунёди ҷомеаи пешрафта аст;
  • барои баланд намудани обрӯю эътибори Ватанамон фаъолиятро таҳкиму тақвият бахшем;
  • захираи стратегии миллат ин ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон аст;
  • рушди илму маориф- калиди пешрафти давлат;
  • саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ ва бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандон, шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё месозад.

Ва боз даҳҳо фишанг, таъкид, пешниҳод, иқдом, ташаббус, муроҷиат ва насиҳати падарона ба сокинони саразамини худ ироа гардид.

Харитаи роҳ, Барномаи рушану дақиқ – яъне драйвер метавонад дастгоҳи давлатӣ, мақомоти давлатӣ, чи марказию маҳаллӣ ва ҳам армияи бузурги хизматчиёни давлатӣ — низомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандиро ба ҷунбиш, ҳаракат ва ба пешрафт бирасонад.

Дар асоси илҳом аз Паём, мо низ кормандони Академияи идоракунии давлатӣ, якчанд пешниҳоди судманд дорем. Дар якчанд мақолаву модулҳои таълимӣ, хизматчиёни давлатиро мо табиби ҷомеа унвон кардем. Бо назардошти ин, моро зарур аст, ки барои рушду таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ якчанд андеша иброз намоем:

  • зарурияти таҳкими истиқлолият ва рукнҳои асосии аркони давлатӣ талаб мекунад, ки дастгоҳи идоракунии давлат, мақомотҳои он, хизматчиёни давлатӣ бояд ҳатман самаранок, мунтазам, натиҷанок ва бо тартиби муайяни бо ҳам пайванди устувор фаъолият намоянд;
  • таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки танҳо ҳайати (роҳбарият, кормандони асосӣ ва ёрирасони техникӣ) баландихтисос ва пурмаъуслияти хизматчиёни давлатӣ ва огоҳу зирак метавонанд падидаҳои номатлуб, буҳронӣ ва хавфоварро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва аз ҳама асосиаш марҳилаи гузариш аз низоми партократии шӯравӣ ба нав (демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ) ба осонӣ ҳал намояд;
  • мақсади асосии ҷорӣ намудани низоми самарабахш, шаффоф ва аз иллатҳо ории  идораи давлатӣ, ин бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ мебошад.

Идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва сиёсати давлатии кадрҳо ҳамчун се самти ба ҳамдигар робитаи пурқувват дошта, ҳалқаи як занҷир ҳастанд ва бе якдигар амал карда наметавонанд. Маҳак, ядрои асосии идоракунии давлатӣ ин хизмати давлатӣ буда, меҳвари асосии он  хизматчии давлатӣ — табибони ҷомеа  мебошанд.

Агар идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама ба низоми хуби хизмати давлатӣ вобаста бошад, пас хизмати давлатӣ аз неру ва қудрати зеҳнии хизматчии давлатӣ вобаста аст.  Неруи хизматчии давлатӣ 7 индикатор (нишондиҳанда) дорад:

  • сатҳи донишҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • сатҳи забондонӣ (се забони хориҷӣ) ;
  • сатҳи донишҳои ТИК (кор бо 7 барнома);
  • сатҳи донишҳои менеҷментӣ (идоракунӣ);
  • сатҳи донишҳои руҳу равонӣ (таҳаммулпазирӣ);
  • сатҳи донишҳои иқтисодӣ (хоҷагидорӣ);
  • сатҳи донишҳои олами монетарӣ (молия ва бонкдорӣ).

Ташаккули хизмати давлатӣ имрӯз бо равандҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таҳкими низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти низоми идоранамоии давлатии ба татбиқ ва дуруст амалӣ гардидани сиёсати давлатии кадрҳо вобаста аст.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикасти минбаъдаи пояҳои давлатории моро боздошт ва сохторҳои сиёсии давлатро аз нав барқарору устувор, яъне эҳё намуд.

Бунёди низоми нави муосири идоракунии давлатӣ аз 6-уми ноябри соли 1994 оғоз гардид ва ибтидои зафаровар гузошт. Интихоби фарзанди фарзонаи миллат ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти сиёсии ҷомеаро ба маҷрои эҳёву пешрафт, шукуфоӣ, ислоҳот ва рушди устувор ворид намуд.

Сиёсатмадарони  варзида ва неруманд ҳангоми таҳия, баррасӣ ва қабули сиёсати давлатӣ бештар ба ақлу заковат, яъне хирад, дарки падидаю таҳаввулот ва тарҷибаи андӯхтаи хеш такя мекунанд, ки мо ҳамаи ин падидаҳои мусбиро дар фаъолияти сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Эмомалӣ Раҳмон мебинем ва ин ҳамаи моро ба фаъолияти мунтазами созандагӣ ҳидоят менамояд.

 

Маҳмадулло НАИМОВ,

 дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита ба ҷомеаи Академия, номзади илмҳои сиёсӣ

Аксҳо

Похожие записи