ЗАНОН ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

289907603_2433668643463676_3534939917660094228_n

Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҷашне саршор аз эҳсоси ватандорӣ, тантанаи сулҳ, адолат ва пойдории миллати тоҷик мебошад.

 

Миллати хушиқболи тоҷикро бахти ваҳдатсароӣ ва арҷ гузоштан ба амнияту осудагӣ шарафманд кардааст, ки имрӯз мардуми мо аз ҳавои беғубори ватани азизамон-Тоҷикистон нафаси тоза мегиранд. Ҳавои ҷонбахши Ватан ба ҷисми мо тавони ватандорӣ мебахшад. Эҳсоси худшиносии мо боло мегирад ва бо қалби пур аз муҳаббат васфи ободию озодагии сарзамин менамоем.

Дар болафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон тантанаи Ваҳдати миллиро мушоҳида кард. Ваҳдате, ки моро ба ҳам овард ва ғаму дарду ранҷро аз қалбҳо бурун кард. Дар дафтари умри мо ҳарфӣ озодӣ ва амният иншо намуд. Собит кард, ки пирӯзӣ ва озодагӣ омили асоси иттифоқ аст.

Даст ба дасти ҳам кардаву обод сохтани мамлакат аз якмаромии мо сарчашма мегирад, ки бо ифтихор Ваҳдати миллии Тоҷикистон унвонаш кардаем. Унвон ва ё тантанаеро бад-ин сон шоиста наметавон дар ҳеҷ як фарҳанге пайдо кард.

Рисолати ватандорӣ ин аст, ки ба ҳастии Ваҳдати миллӣ бояд арҷ бигзорем. Иҷоза надиҳем, ки касе ба ин ягонагӣ халале ворид созад.

Сулҳ дар чаҳор фасл баҳор меоварад ва сабаби дар ҳама фаслҳо баҳорӣ будани Тоҷикистон-Ваҳдати миллии Тоҷикистон аст.

Вожаи ваҳдат дар фарҳангҳо ба маънои сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ шарҳ ёфтааст. Ба ин маънӣ метавон чунин хулоса кард, ки дар саргаҳи ваҳдати оила ва ҷомеа зан-модар қарор дорад, зеро дар қалби пок, гуфтори накӯ ва эҳсоси сулҷӯёнаи зан хусусиятҳои баҳаморӣ ва муттаҳидсозӣ мавҷуд мебошад.

Ҳамин аст, ки аз рӯзҳои аввали ба истиқлол ва озодӣ расидани кишвар саҳми занону бонувон дар таҳкими ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо бузург арзёбӣ мешавад.

Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки “…мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад”.

Қудрати ваҳдатхоҳии занони мамлакат боис гардид, ки имрӯз аз     26-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад, ки ин санаи барои давлату миллат фархундаро ба тамоми мардуми шарафманди мамлакат табрик менамоем.

Воқеан ҳам эҳсос мегардад, ки Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таманнои дили ҳар як сокини кишвар, махсусан занону бонувон мебошад. Бо дарки ин маънӣ ба забони мо ҳарфи шукрона аз сулҳу ваҳдату ободии кишвар меояд, зеро дар вожаи ваҳдат амният, осоиштагӣ, истиқлол, шодию нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву  ватандўстистӣ ба ҳам меоянд.

Дар кафи мардуми мо, махсусан бо занони саодатманди кишвар номаи иқболест, ки он Ваҳдати миллии Тоҷикистон унвон дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”.

Мо занони хушбахти кишвар кишвар ифтихор менамоем, ки ба василаи шинохти Ваҳдати миллӣ тақдири худро ба дасти хеш гирифтем. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар қалби ҳар тоҷик эҳсоси ягонагӣ ва ҳамсириштӣ бедор гардид. Ваҳдату ягонагӣ ба вуҷуд омад ва мо, тоҷикон имтиҳони гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намудем.

Калимаи Ваҳдат ҳоло дар гуфтори мардуми мо мисли вожаи Модар мутантану пурифтихор садо медиҳад, зеро дар он садоқат ва эҳтиром зуҳур меёбад. Ҳамватанони мо, хосса занону бонувон дарк намудаанд, ки бидуни Ваҳдати миллӣ наметавон ба мақоми баланди пешрафт ва шукуфоӣ расид.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло Ваҳдатро ҳаёт ва наҷот барои халқи тоҷик ба қалам дода, иброз медоранд, ки ба унвони сиришт ва қиблаи умед бояд ибораи Ваҳадти миллиро бо коми шуста ба забон гирифт:

Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,

Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.

Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,

Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост.

Ба мақоми Ваҳдати миллӣ ба василаи ҷоннисорӣ ва меҳанпарастию фидокориҳои фарзандони наҷиб халқи тоҷик расидаем, ки дар ин раванд заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат шоистаи таҳсин аст.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо сарзамини дилрабои Ваҳдати миллист, ки осмонаш бо якмаромию якдилӣ файзафшон аст. Дар Ваҳдати миллии Тоҷиикистон бахти нурафшони мардуми тоҷик ҷило медиҳад.

Сулҳ пероҳанест, ки мардуми кишвари мо, махсусан занони покизагавҳари Тоҷикистон бо ифтихор онро ба тан намудаанд. Ин пироҳан шаън ва пирӯзиест, ки ба унвони намои Ваҳади миллӣ шинохта шудааст. Ба ин маънӣ агар Тоҷикистонро маркази сулҳу амонии ҷаҳон хонем, пас бешак Пешвои миллати моро метавон Пешвои ваҳдат унвон кард.

Ваҳдат биҷӯ, ки бошӣ андар бақои ваҳдат,

Ҳастист чун дарахте, мо меваҳои ваҳдат.

 

Моҳира САНОЕВА,

муовини сардори раёсати корҳои тарбиявии Академия

Похожие записи