ИЛҲОМ АЗ НУКТАҲОИ ГУҲАРБОРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

321506810_1288268941717119_6629435286542514749_n

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: Мо бояд ҷавононро гулчин карда, онҳоро дуруст тарбия намоем”. Дар заминаи ин нукта, пеш аз ҳама эътиқоду эътимоди густурдаи Роҳбари давлат ба қишри созандаву бунёдкор, яъне ҷавонон рушану баръало ҳувайдост.

 

Мо, ҷавонони содиқи ин марзу бум пеш аз беш дар ободу пурнур намудани ин марзи муқаддас камари ҳиммат баста, пайи амалӣ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳем.

Нуктаи дигари таъсирбахш андар Паём, ин зикри исми мубораки модар аст, ки дар воқеъ ҳама пеши ин шахсият сари таъзим фуруд меорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо муҳаббати ноби фарзандӣ нисбат ба модар, қайд намуданд: “Агар модар намешуд, ман ҳоло ин ҷо дар назди шумо рост истода сухан намегуфтам!” Воқеан, хидмати модарон дар созишу вироиши ҳаёти фарзандони фарзонаи ин мамлакати хуршедӣ ситуданист ва мебояд онро барои ҳамеша қадр намуд ва гиромӣ дошт.

Назари хоси Роҳбари давлат ҳамасола ба соҳаи илму маориф бештар зоҳир мегардад ва ин буд, ки имсол низ бо назардошти ҳамаи паҳлуҳои гуногуни ин самт, сар карда аз моҳи июли соли 2023 дар ҳаҷми 20% маошу стипендияи омӯзгорону донишҷӯёни зиёд карда мешавад. Аслан ин иқдоми Президенти кишвар таи чанд соли охир идома дошта, имсол низ ин нуктаи фараҳбахш дар Паёми сарнавиштсоз дарҷ гардид.

Ҳамчун як ҷавони хушбахти зодаи даврони истиқлолу озодӣ шукрона менамоям, ки салоҳу суботи бомароми кишвари офтобрӯяамон — Тоҷикистони нозанин имрӯз чун нигине дар қалби Осиё дурахши оламгир дошта, пайваста паи амалисозии ҳадафаҳои пешбурди давлату Ҳукумат қарор гирифтааст. Ва ҳар яки моро мебояд то ба қадри ин ҳама неъматҳои бебаҳои мамлакатамон даррасида, дар сарсабзу хуррам намудани Тоҷикистони азиз саҳми мондагор гузорем.

 

Умедҷон АМОНӢ,

магистранти Академия

Аксҳо

Похожие записи