ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА НАМОЯНДАГИИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ ДАР ТОҶИКИСТОН

IMG_1422

5 сентябри соли равон маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар маросими мазкур Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил ва намояндаи КБСС дар Тоҷикистон Ангелина Шопп иштиро намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои гуногунҷониба ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ бо ба инобатгирии манфиатҳои миллӣ, такмил додани донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва дастгирии иқдомҳои тарафайн иброз намуданд.

Боиси хурсандист, ки давоми солҳои охир ҳамкориҳои гуногунҷонибаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ беҳтар гардида, дар доираи ин ҳамкориҳо сатҳу сифати таълиму тарбия ва иқтидори техникии Академия беҳтар гардидааст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки минбаъд низ ҳамкориҳои хориҷии Академия густариш меёбад.

Похожие записи