ИМТИЁЗҲОИ ТАҲСИЛ БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН

1652152969_mmt-markazi-millii-testi2

Роҳбарияти олии кишвар ҷавононро ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, пайваста барои таҳсили онҳо имтиёзҳои муайянеро ҷорӣ мекунад. Ҳамин аст, ки шароити таҳсили насли ҷавон сол аз сол беҳтар шуда истодааст ва онҳое, ки донишу фаҳмиши васеъ ва ҳушу идроки мустаҳкам доранд, имкони таҳсил дар беҳтарин муассисаҳои олии Тоҷикистон ва берун аз онро доранд.

 

Ташаббуси асосии беҳтар намудани таҳсили насли ҷавон дар дохили кишвар таъсисёбии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо ташаббуси шахсии Роҳбари давлат соли 2014 таъсис ёфт. Тавассути Маркази миллии тестӣ довталабон имкон доранд, ки дар баробари ихтисоси интихобкардаашон чанд ихтисоси дигари ба он наздикро интихоб намоянд. Дар умум тавассути ММТ довталабон имкон доранд, ки 12 ихтисоси аз рӯйи равия ба ҳам наздикро интихоб намоянд ва вобаста ба холи гирифтаашон шомили ин ё он муассисаи интихобкардаашон шаванд.

 

Таъсисёбии ММТ буд, ки дохилшавии донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар афзуд ва ҳар сол ҳазорон нафар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бомуваффақият хатм менамоянд.

 

Ҳамчунин ММТ барои довталабон имконияти дохил шудан ба муассисаҳои миёнаи касбиро низ нисбатан осон намуд. Ҳоло дохилшавӣ ба муассисаҳои миёнаи касбӣ низ тавассути ММТ ба роҳ монда шудааст.

 

Бисёре аз муассисаҳои олии кишвар статуси байналмилалиро соҳиб гардидаанд ва бо донишгоҳу донишкадаҳои мамолики хориҷӣ шартномаҳои дутарафа имзо намудаанд. Ин шартномаҳо барои донишҷӯён имкон медиҳад, ки баъди як ё ду соли таҳсил дар Тоҷикистон таҳсилашро дар дигар кишвар идома диҳад. Чунин шартномаҳо бештар бо донишгоҳҳои Федератсияи Русия,  Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон ва дигар кишварҳо баста мешаванд.

 

Дар баробари таҳсил дар дохили кишвар инчунин ҷавонони донишманду забондон имкони таҳсил кардан дар хориҷаро низ доранд. Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

 

Мисол, дар соли 2021 беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

 

Бештари он донишҷӯён дар Федератсия Русия таҳсил мекунанд. Як бартарияти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвари Русия дар он аст, ки ҳамасола намояндагони чандин муассисаи олии ин кишвар барои имтиҳонгирии довталабон ба Тоҷикистон меоянд. Дар чунин ҳолат довталабон хароҷоти зиёдатӣ намекунанд, чун ҳам имтиҳон ва ҳам натиҷаи он дар Тоҷикистон маълум мегардад.

 

Сол аз сол шумораи квотаҳо ва имтиҳоноти дохилшавии довталабони  тоҷик барои таҳсил зиёд шуда истодааст. Ин нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумат ва давлат нисбат ба насли ҷавон ва махсусан барои соҳибмаълумот гардидани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонро зарур аст, ки донишҳои замони навро аз худ намояд, то дар оянда барои миллату давлат хизмат намояд. Зеро, маҳз насли ҷавон ояндасози ин сарзамин мебошад.

 

Бандали МАМАДСОЛИЕВ,

 магистранти Академия

Похожие записи