ҲИФЗИ ҲАМЕШАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАРОМИ МОСТ

ваҳдати миллӣ-2

Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту панҷ сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон  — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

 

27 июни соли 1997 Қарордоди умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Раванди сулҳ байни тоҷикон бо иштироки созмонҳои СММ, ИДМ, САҲА, СКИ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои ба мо дӯст Россия, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва ғайра ба амал омад.

 

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас — Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар бошему ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем.

 

Мазмуни аслии ваҳдат — ягонагист. Мо инсонҳо бояд ягона бошему муттаҳиду ҳамбаста. Вақте муттаҳид мешавем пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали накӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст.

 

Дар муддати 25 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан лозим меояд.

 

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, тараққӣ кард ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

 

Мо, ҷавонон бояд дар сатри аввали хотираи худ ҷой диҳем, ки ҳанӯз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорем ва ҳадафи асосии мо бунёди давлати тараққикардаи миллӣ мебошад. Итминони комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд ва моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату илҳоми тоза мебахшанд.

 

Шаҳодат ДАВЛАТОВА,

магистранти Академия

Похожие записи