ИНТЕРНЕТ-ПОРТАЛИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

p1 main body

мусоидаткунандаи ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон

 

Ҳамарӯза мо дар фаъолияти корӣ ва раванди зиндагӣ ба муносибати ҷамъиятии муайян, ё ин ки сабаби оғози муносибати ҷамъиятие миёни дигар одамон мешавем. Дар навбати худ баъзе аз гурӯҳи одамон ба намудҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ ва базеи дигар ба фаъолияти истеҳсоливу машваратӣ саргарми кор ҳастанд.

 

Мақсад аз ибрози гуфтаҳои боло дар он аст, ки баҳри дуруст ба роҳ мондани фаъолияти қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеа, инчунин танзими қонунии муносибатҳои ҷамъиятӣ низоми муайяни санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ё низоми ҳуқуқии шаффофро пеша кардан лозим меояд.

 

Аз ин ҷост, ки дастрасӣ ва истифодаи бемамониати санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабулгардида ва баҳри танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равонагардида дар ҷомеаи шаҳрвандии озоди Тоҷикистони азизамон, аз як ҷониб ҳамчун ҳуқуқи конститутсионии ҳар шарҳванд ба дастрасии иттилоот бошад, аз ҷониб дигар ҳолатҳои гуногуни манфиатовару мусбат баҳри рушду ташаккули худи ҷомеа аст.

 

Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Инчунин тибқи моддаи 25 мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

 

Ба ҷузъ аз мустаҳкамнамоии ҳуқуқ ба иттилоот дар сатҳи конститутсонӣ, инчунин дастрасии бемамониат ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳолатҳои мусбат, ба монанди таъмини шаффофиати фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ва маданияти ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ таъмини қонуният дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти қонунии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, коҳиш додани сарфи вақти зиёд баҳри дастраснамоии санадҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва рушди фаъолияти соҳибкории қонунӣ дорад.

 

Бинобар ин, бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудаи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азми таъсис додани Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеша кард.

 

Дар ин ҳошия, қарори Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки тибқи он портари мазкур аз 1 июли соли 2017 ба мавриди истифодаи умум қарор дода шуд. Ин иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати кишвар боз як қадами пеш ба ташаккули ҳукумати электронӣ маҳсуб меёбад.

 

Ногуфта намонад, ки дастрасӣ ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар интернет-портал ҷой додашуда, аз ҷумла иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида озод ва ройгон ба амал бароварда мешавад. Ба хонанда мумкин ибораи “таҳлили таъсири танзимкунӣ” нофаҳмо бошад, аз ин рӯ оид ба он каме гуфта мегузарем.

 

Ба таври фаҳмо таҳлили таъсири танзимкунӣ ин таҳлили оқибатҳои эҳтимолии иқтисодӣ ва иҷтимоии санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда дар мавриди қабул гаштани онҳо фаҳмида мешавад. Айни замон портали мазкур соли чорум мешавад, ки фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва ба шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ ҷиҳати сари вақт дастрас намудани дилхоҳ санади меъёрии ҳуқуқии ба онҳо манфиатдор хизмат карда истодааст. Сомонаи интернет-портали ҳуқуқии мазкур дар чунин шакл http://portali-huquqi.tj сабт шуда, аз интерфейси истифодакунандаи дӯстона (user-friendly interface) ё ин ки истифодабариаш осон сохта шудааст.

 

Нуқтаи оғози кор дар сомона аз саҳифаи ибтидои сар шуда, он аз се феҳрист иборат мебошад:

  1. Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – дар ин ҷо маълумоти умумӣ оид ба санад оварда шудааст, аз ҷумла таҳиякунандаи лоиҳа, муҳлати таҳия ва қабули санад, номи санад ва нишонии таҳиякунанда. Яъне феҳристи мазкур шаҳодатдиҳандаи он аст, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти қабули санадҳои дорои аҳамияти танзимкунанда ошкоро ва шаффоф ба роҳ монда шуда, ҳар як қадами онҳо ба самъи омма расонида мешавад;
  2. Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ – ин ҷо ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ имкон медиҳад то пешниҳодҳои худро оид ба лоиҳаи санад пешбарӣ намоянд, то ки холигиҳо пурраву садои ҷомеаи шаҳрвандӣ шунида шавад ва саҳми онҳо дар раванди таҳия ва қабули санад таъмин карда шавад;
  3. Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки расмиёти банақшагирӣ ва таҳлили таъсири тазимкуниро гузашта, аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда қабул шудаанд, иборат мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин феҳрист имкони бо усулҳои мухталиф кофтукоб, пайдо ва истифода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ пайдо намуда, онро баҳри ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи худ истифода менамоянд.

 

Дар баробари ин, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, дар давоми 10 рӯз пас аз қабул ё тасдиқ  барои дохил намудан ба Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

 

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд, пас аз бақайдгирии давлатии онҳо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

 

Бояд таъкид намуд, ки ба истифода додани чунин махзани иттилоотӣ-ҳуқуқӣ тақозои ҳам замон ва ҳам унсурҳои давлати демократӣ буда, дастрасии маводи ҳуқуқии барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ заруриро осон мекунад.

 

Махзани мазкур сабаби баланд гаштани шуури ҳуқуқии шахсони воқеӣ тавассути дастрасии ройгони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули маданияти ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли худро ёфтани мушкилоти омма дар доираи қонун гашта, аз ҷониби дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ имкони иштирок дар машваратҳои оммавӣ ҳангоми таҳия ва баррасии лоиҳаи санадҳоро соҳиб мешавад ва саҳми худро дар мазмуни матни санадҳо мегузоранд.

 

Парвиз ШАРИФЗОДА,

ходими хурди илмии

Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ,

дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академия

Похожие записи