ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР КИТОБИ “ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ”-И ПЕШВОИ МИЛЛАТ

278071788_1160619738098446_3293493754023524736_n

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демекратӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ барои миллати тоҷик шароит муҳайё овард, ки баҳри ташаккули давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ чораҳои зарурӣ андешад. Ривоҷ ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир аз давлатҳои миллӣ тақозои онро менамояд, ки ҳар чи бештар оид ба  ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро ба таъхир мондани масъалҳои мазкур метавонад боиси аз даст додани ин падидаҳо гардида, хатар ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ эҷод намояд.

 

Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Дар давраи давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихиву адабии гузаштагонамон, муроҷиат намоем ва аз ин мероси гарбонбаҳо самаранок истифода намоем. Зеро эътиқодмандӣ ва эътиқод ба таърих ва адабиёт такиягоҳи устувори миллат ба шумор меравад. Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандҳазорсола, таърихи пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст. Танҳо шахси ватандӯсту ватанпараст, аз таъриху фарҳанги миллати хешбохабар, худогоҳу худшинос ва дорои ифтихори баланди миллӣ метавонад, ки дар ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки миллӣ саҳми фаъол гузорад. Ҳар як халқи соҳибтамаддун ба решаҳои таърихӣ ва давраҳои сарнавиштсози гузаштаи худ бо камоли эҳтиром арҷ мегузорад”.

Дар воқеъ ин суханони пандомӯзи Пешвои миллат оид ба омӯзиши таърихи гузаштаи аҷдодонамон ҳамчун дастурамалест, ки ҷавонони миллати моро ба сӯи худогоҳию худшиносии миллӣ раҳнамоӣ менамояд. Сарвари давлат ба масъалаи мазкур доимо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пайваста кӯшиш менамоянд, ки миллати мо аз таърихи пурғановати худ огоҳ бошад ва бо аҷдодони тамадунофари худ фахр дошта бошад. Бо ҳамин асос ҳануз ибтидои солҳои дуҳазорум силсила асарҳои худро доир ба таърихи давлатдории тоҷикон таълиф намуданд, ки дар он давраи ҳасос ва барои пойдории миллат муҳим як манбаи муътамад қарор гирифтанд. Яке аз ин силсила асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” мебошад.

Пешвои миллат дар ин асар натанҳо ба масъалаҳои пайдоиши миллати тоҷик ва раванди давалатдории тоҷикон андешаҳои худро баён доштааст, балки бинобар тақозои замон ба масъалаҳои глабалии ҷаҳони имрӯза ибрози андеша намуда, боби аввали китоби мазкурро зери чунин унвон “Инсоният дар остонаи хатарҳои глабалӣ” пешкаш намудааст, ки аз ду зербоб  “Хатарҳои глобалии умумибашарӣ ва пешомадҳои он дар оғози ҳазорсолаи сеюм” ва “Ташаккули истиқлолияти миллӣ ва ҳадафҳои тақдирсози Тоҷикистон дар шароити хатарҳои глобалӣ” иборат мебошад.

Дар ин боб Сарвари давлати тоҷикон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмиллаӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хотиррасон намудааст, ки дар ҳазораи сеюм бо дарназардошти пешрафти илму технология инсоният ба хатарҳои глабалӣ рӯ ба рӯ мебошад ва доири ин масъала қайд менамоянд “Ин хатарҳои глобалӣ қабл аз ҳама, афзоиш ёфтани истеҳсолу ихтирои мудҳиштарин намудҳои силоҳи ҳастаӣ ва дигар воситаҳои қатли ом, коҳиши рӯзафзуни захираҳои табиӣ ва дигар сарватҳои нодири зеризаминӣ, гузашта аз ин, унсурҳои рӯзафзуни ҷинояткории муташаккил, терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ, ҳамчунин афзудани ихтилофоти мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмию нажодӣ, бархӯрди тамаддуну тамоюлҳои идеологӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкорию зӯроварӣ, ҷангу куштор, ахлоқи ношоиста ва фисқу фуҷур аз тариқи иттилооту васоити ахбор торафт бештар хатари умумиҷаҳонӣ пайдо мекунад”. Баҳри мубориза бо ин хатарҳои глабалӣ Пешвои миллати тоҷикон пешниҳод менамояд, ки баҳри бартараф намудани ин хатарҳои умумибашарӣ фаъолияти софдилонаи тамоми ташкилоти байналмилалӣ зарур мебошад.

Дар баробари тазаккур ба ҷомеаи башарӣ оид ба хатарҳои глабалӣ дар асари мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи умумии бавуҷудоии миллти тоҷик, раванди давлатдории тоҷикон ва саҳми аҷдодони мо дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни қабоили ҳамҷавори мо дахл намуда, бо сарчашмаҳои муътамад ва мадорики бостони исбот намудааст, ки аҷдодони мо дар гузаштаи таърих ҳамчун бунёдгузорони фарҳанг ва тамаддун баромад намуда дар ривоҷу равнақ додани он дар минтақа саҳми амаиқ доштанд.

Доир ба ин гуфтаҳо Пешвои мидллат дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” тазаккур медиҳанд, ки “Тоҷикон дар дарозои таърих бо зиракию ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул, низоми ташаккулёфта девондорию идоракунӣ, суннатҳои усулан қавӣ ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштанд. Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар, аз ҷумла халқиятҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хизмати шоиста кардаанд”.

Ҳамчунин дар зербоби “Ташаккули истиқлолияти миллӣ ва ҳадафҳои тақдирсози Тоҷикистон дар шароити хатарҳои глобалӣ” Сарвари давлат таъкид медоранд, ки “Таҷрибаи арзишманди таърихии  мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри ХХ, дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳаммияти фавқулоддаи ҳаётӣ дошт, ки ба он ҷомеашиносон ва таърихнигорони мо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ накардаанд. Тавре ки таърих собит месозад, дар охири асри XIX ва оғози асри ХХ миллати тоҷик бинобар омилҳои  зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт.

Бахусус, дар ҷараёни як асри охир миллати тоҷик давраи пур аз тазод ва муборизаҳои пурфоҷиаро паси сар намуда, се зинаи инкишофи давлату давлатдорӣ ва роҳи сахту сангини расидан ба истиқлолияти миллиро паймудааст: интиҳои давраи давлатдории аморати Бухоро, таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ниҳоят эълом шудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва навсозию эҳёи  давлатдории миллӣ”.

Дар ҳақиқат таърихи сад соли охир барои миллати тоҷик ҳамчун замони талошҳо ва муборизаҳои баҳри боқӣ мондан ба сифати як миллат ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат низ дар асари худ ин нуктаро бисёр муҳаққиқона дарҷ намудаанд.

Моҳияти дигаре, ки аз китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” — Пешвои миллат бардошт намудан мумкин аст, ин масъалаи худшиносӣ мебошад. Худшиносӣ дар баробари раванди давлатдорӣ яке аз нуктаҳоест, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлатро ҷалб намудааст. Дар ин мавзуъ қайд менамоянд, ки “Сарнавишти ориёиҳо, ки мо тоҷикон низ дар қатори чандин халқиятҳои мутамаддини олам яке аз меросдорони асили он ҳастем, аз ҷумлаи саҳифаҳои басо рангину шигифтангези таърихи башар аст. Ин тамаддун бо ҳама бурду бохташ барои миллати мо як рукни асосии таърихи сарнавишт, арсаи буду бош, пайдоишу ташаккули нахустин оинҳои давлатдорӣ, ҷавлонгаҳи дину оини яктопарастӣ, ташаккули фарҳангу арзишҳои миллӣ, арсаи худшиносию ҷаҳоншиносӣ гардидааст”.

Ҳамчунин Пешвои миллат ифтихор аз таърихи пурғановати аҷдодон намуда, оид ба ташкили аввалин давлатдории қабоили ориёи дар сарзамин Тоҷикистони таърихӣ ёдовар мегарданд: “Агар силсилаи давлатдориҳоеро, ки ниёгони тоҷикон дар моварои рӯди Омӯю Сир ва қаламрави Осиёи Марказӣ бунёд гузоштаанд, пеши назар биёрем, беихтиёр давлати овозадори Каёниён ба ёд мерасад. Ин нахустдавлати ориёӣ бо вуҷуди бисёр норавшаниҳо дар марзҳои Бохтар ва пойтахти он шаҳри овозадори Балх ташаккул ёфта, сипас ҳудудҳои сарзамини Суғдро фаро гирифт ва ба таъсисёбии оини давлатдорӣ ва падидоии  тамаддуни ориёӣ  дар қаламрави Ориёно бунёд гузошт”. Аз таҳқиқоти гузаронидаи Сарвари тоҷикон бар меояд, ки дар тамаддуни башарӣ аввалин низоми мукамали идорӣ ва давлатдориро маҳз гузаштагони мо бунёд гузоштаанд, ки ин андешаҳо ҳамчунин дар сарчашмаҳои дигари муътамади таърихӣ исботи худро пайдо намудаанд.

Ба ҳамин тариқ, Пешвои миллат доир ба пайдоиши миллати тоҷик сайри таърихӣ намуда, корнамоиҳо ва муборизаҳои намояндагони ин миллатро баҳри марзу буми аҷдодӣ  ва нигоҳ дошти ҳуввияти миллӣ таҳқиқи илмӣ анҷом медиҳанд.

Дар боби “Давлати Сосониёну Ҳайтолиён ва растохези вопасини тамаддуни ориёӣ дар остони зуҳури Ислом” Пешвои миллат ба таърихи асримёнагии “Ташаккули  давлатдории Сосониёну Ҳайтолиён ва фарорасии даврони нави эҳёи тамаддуни ориёӣ”, “Шукӯҳу азамати Ҳайтолиён ва омилҳои таърихии пайдоиши қавмию этникии онҳо”, “Муборизаҳои оштинопазир ва фарҷоми тақдири Сосониёну Ҳайтолиён ва ҳоқони турк дар остони зуҳури  ислом” ва “Азамат ва шукӯҳи вопасини Сосониёну Ҳайтолиён дар остони нуфузи туркон ва зуҳури ислом”.

Дар бобҳои баъдии китоб низ Пешвои миллат бо як ҳусни мукшифона моҳияти худшиносӣ ва раванди давалтдории тоҷиконро таҳқиқу таҳлил намуда, барои тарбияи насли имрӯзу ояндаи миллат як дастурамали хуби фаъолиятро пешкаш менамоянд.

Дар умум хулоса намудан мумкин аст, ки китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар ҳақиқат як асари мондагор буда, дар он раванди давлатдорӣ ва моҳияти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ таҷҷасум ёфтааст. Ҳамзамон ба ҳайси сарчашмаи илмӣ ва таҳқиқӣ баҳри афроди  пажуҳандаи таърихӣ миллат хизмат менамояд.

АБДУЛХОНОВ Ф.М.,

ходими пешбари илмии маркази омӯзишии

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академия

Похожие записи