ИНЪИКОСИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Меъроҷиддин Н

Паёмҳо ба санадҳои бисёр муҳимми фаъолияти давлатию дипломатӣ дохил мешаванд ва ба масъалаҳои умдаи дохилидавлатӣ, муносибатҳои дуҷониба, чандҷониба ва байналмилалӣ бахшида мешаванд.

 

Ҳамасола Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маълумот дода, дурнамои онро барои соли оянда муайян ва вазифагузорӣ менамояд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз паёмҳои солҳои гузашта баъзе хусусиятҳояи фарқкунанда дорад. Аввалан паёми навбатӣ аксаран ба масъалаҳои иқтисодӣ ва саноатикунии кишвар бахшида шудааст. Сониян дар Паём яке аз масъалаҳои муҳимми давлатӣ ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ таъкид шуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва бархӯрди манфиатҳои абарқудратон бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидани сиёсати хориҷии кишвар нисбат ба дигар иштирокчиёни муносибатҳои байналмилалӣ, далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ марҳила ба марҳила ҷойгоҳ ва нуфузи сиёсии худро таҳким бахшида истодааст.

Дар Паём Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: “Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад. Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати “дарҳои кушода”-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад”.

Чуноне, ки аз Паём бармеояд, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод муайян гардидааст. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро дар асоси эҳтироми тарафайн ва эътимод ба роҳ хоҳад монд.

Самти дигари муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси принсипи ҳусни ҳамҷаворӣ муайян гардидааст. Дар шароити кунунӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад.

Таҳким бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳою сохторҳои минтақавию байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳои молиявӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии кишварамон қарор гирифтааст.

Чуноне, ки дар Паём дарҷ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешсаф боқӣ монда, саҳми босазои худро дар ҳалли онҳо дареғ намедорад.

Яке аз масъалаҳои хеле муҳимми имрузаи рузномаи байналмилалӣ ҳалли мусолиматомези низоъҳои байналмилалӣ мебошад, ки Пешвои миллат мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи мазкур чунин мауйян намуд: “Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.”

Масъалаи муҳим ва ниҳоӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муаррифӣ ва эътирофнамоии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим мебошад.

Қабули якдилонаи ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” санаи 14-уми декабри соли ҷорӣ, боиси боз ҳам баланд шудани нуфузу эътибори кишварамон гардид.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Масъалаҳои матраҳгардидаро натиҷгирӣ намуда, ба хулосае мерасем, ки маҳз бо талошҳою заҳматҳои шабонарӯзӣ ва пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақом ва нуфузи баланди сиёсӣ гардид. Моро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи он ҳадафу вазифаҳое, ки дар Паём ироа шудаанд, тамоми саъю талошамонро дареғ надорем.

 

Меъроҷиддини НАСРИДИН,

мудири кафедраи дипломатия ва

муносибатҳои байналмилалии Академия

Похожие записи