ИСТИФОДАИ АНЪАНАҲОИ ДЕМОКРАТӢ ДАР ШАКЛГИРИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР

Агар ҳокимияти сиёсӣ самаранок набошад, демократия мустаҳкам шуда наметавонад, чунки умедҳои иҷронашуда дар самти беҳтаршавии босуръати зиндагӣ метавонанд нофаҳмоиҳои зиёдро дар бораи қонунӣ будани роҳи интихобшуда ба вуҷуд оранд. Аз ин сабаб, таҷзияи ҳокимият ва фаъолияти мутақобилаи шохаҳои он бояд баҳри амалӣ намудани мақсади асосии ҳокимият – ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ташкили шароит баҳри амалисозии талаботи моддӣ ва маънавии инсон равона шуда бошад. Ин танҳо дар сурате имконпазир аст, ки сиёсати муассири мақомот бо ҳамоҳангии салоҳият ва масъулият дар назди ҷомеа ва шаҳрвандон амалӣ карда шавад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти худ, ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ташкили ҷомеаи ҳуқуқбунёд, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ амал менамояд, самти фаъолияти худро ба роҳ монд.

 

9 сентябри 1991 Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба даст оварда, заминаи он Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи 1990 ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон аз низоми сотсиалистӣ баромада, идоракунии давлатиро аз рӯи низоми идораи демократӣ ҷорӣ намуд. Падидаҳо ва институтҳои демократия пай дар пай дар низоми идоракунӣ ва сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуда, низоми идоракунии демократиро мустаҳкам намуданд.

 

Институти президент дар асоси қонуни ҶШС Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вазифаи Президенти Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ” аз 29 ноябри 1990 бо мақсади таъмини вусъати минбаъдаи дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва амнияти шаҳрвандон ба вуҷуд омада, вазифаи Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аммо қонун муқаррар карда буд, ки аввалин Президенти Тоҷикистон на бо роҳи интихоботи умумихалқӣ, балки бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон ба муҳлати салоҳияти худи вакилон интихоб мегардад. Бо ин роҳ аввалин бор Шӯрои Олӣ 30 ноябри 1990 Қаҳҳор Каҳкамовро Президенти аввалини Тоҷикистон интихоб намуд.

 

Институти интихобот дар замони ҳокимияти Шӯравӣ амал мекард, лекин дар доираи маҳдуд амал карда, танҳо вакилони халқӣ интихоб мегардиданд. Конститутсия ва қонунҳоро Шӯрои Олӣ қабул менамуд. Дар заминаи Конститутсияи амалкунандаи ҶШС Тоҷикистон, эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон ва Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, инчунин худи ҳамон рӯз ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи интихоботи умумихалқӣ интихоб шуд.

 

Конститутсияи нави қабулшуда сохтори давлатии Тоҷикистонро куллан тағйир дода, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ ва худидо-ракунӣ, ВМКБ, суд, прокуратура ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсияро муқаррар намуд.

 

Конститутсияи соли 1994 халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дониста, муқаррар кард, ки ҳокимияти давлатиро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқро Конститутсия, райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот эълон карда, аз номи халқ танҳо ба Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтанро дод. Яъне райъпурсӣ ва интихобот шакли асосии изҳори иродаи халқ дониста шудааст. Тартиби гузаронидани раъйпурсӣ ва интихоботро Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ танзим менамоянд. Ин меъёрҳои Конститутсия суверенитети халқро дар ташкили ҳокимияти давлатӣ расмӣ гардониданд.

 

Моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кардааст. Аммо аз демократӣ эълон кардани низому усули давлатдорӣ давлат демократӣ намешавад. Барои ба моҳияти демократии худ мувофиқ гардидан бояд давлат заминаҳои демократии ташкили ҳокимияти давлатӣ ва ба манфиати халқ фаъолият кардани онҳоро ба роҳ андозад, то ки идоракунӣ дар фаъолияти давлатӣ самаранок гардад.

 

Таҷзияи ҳокимият низ нишонаи махсуси давлати демократӣ буда, асоси самаранокии идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба мақомити қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо кадааст. Вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тарзи ташкил ва фаъолияти онҳоро дар бобҳои 3, 4, 5 ва 8 муқаррар кардааст. Шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар фаъолияти худ мустақил буда, тобеи якдигар нестанд, вале аз болои фаъолияти якдигар назорат мебаранд.

 

Ба ҳайси мақоми қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ баромад карда, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя дар доираи салоҳияташон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат, дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодаро тасдиқ мекунанд, барои иҷрои уҳдадории байналмилалии Тоҷикистон ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ризоият медиҳанд, интихоботи Президентро таъин намуда, истеъфои Президентро қабул мекунанд, Президентро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии давлатӣ сарфароз мегардонанд, масъалаи дахлнопазирии Президентро баррасӣ менамоянд.

 

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди шаклгирии низоми идоракунии давлатӣ аз анъанаҳо (принсипҳо)-и демократӣ ба таври васеъ истифода намуда, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд дар  конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои шахс, ҷомеа ва давлатро муқаррар карда, самти фаъолияти худро дар асоси ин ҳуқуқу уҳдадориҳо, бо мақсади самаранокии ҳокимият, муайян кардааст.

Қурбоналӣ ҲАКИМОВ,

магистранти Академия

Похожие записи