ИСТИҚЛОЛИЯТ — ОМИЛИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ, ПОЯИ РУШД ВА ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГӢ

рамзи истиқлол

Истиқлолият барои ҳар як миллат неъмати бебаҳо, бузургтарин муқадассот ва ҷашни бошукӯҳ аст, зеро он омили ифтихори миллӣ, пояи рушд ва заминаи устувори ваҳдату якпорчагии давлат мебошад. Мардуми тоҷик 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва аз он замон то имрӯз Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.

 

Тӯли 31 сол аст, ки Тоҷикистон зери парчами соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ пайваста ба комёбиҳои бузург ноил мегардад.

 

Тақдир насиб гардонид, ки дар замони пурташвиш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инони ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, бо сабру тоқат оташи ҷанги бародаркушро хомуш намуданд. Сарвари давлат Тоҷикистонро аз пошхӯрӣ наҷот дода, ба маънои томаш истиқлолияти давлатиро дар кишвар таъмин намуданд.

 

Дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ дар солҳои 90-уми асри XX таназзули иқтисод мушоҳида мешуд, аммо дар Тоҷикистон дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона ин раванд хеле шадидтар буд. Дар соли 1992 коршиносон вазъи иқтисодро “фоҷиаи иқтисодӣ” номида буданд. Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ ҳукумрон буд, саноати давлатӣ ва хусусӣ хеле суст кор мекард, аз тарафи дигар, баъзе гурӯҳҳои иқтисодии дохилӣ ва хориҷӣ аз вазъият истифода бурда, ба ғорат кардани сарватҳои миллӣ шуруъ карданд.

 

Пас аз Иҷлосияи 16-ум ва оғози фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат нишондиҳандаҳои иқтисодӣ оҳиста-оҳиста, вале устуворона тағйир ёфтанд. Муҳимтар аз ҳама, таназзул боздошт шуд, ки маънои бозгашт ба волоияти қонунро дошт ва ба ояндаи беҳтар умед мебахшид. Бозгашти гурезаҳо, хотима ёфтани ҷанг, барқарор намудани иқтисодиёти миллӣ ва ғайра дар роҳи мустаҳкам намудани сулҳу амонӣ ҳануз дар моҳҳои аввали баъди Иҷлосияи 16-ум Шурои Олӣ оғоз ёфт.

 

Тадриҷан зиндагӣ беҳбуд ёфт, корҳои барқарорсозии иншооти харобшуда оғоз гардид, ба фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Ин имкон дод, ки рукнҳои аввалини давлатдории тоҷикон таҳким ёбад, муҳоҷирони иҷборӣ ба Тоҷикистон баргардонида шаванд, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд ояд, ҷомеа фаъол гардад, обрӯи байналмилалии кишвар баланд гардад, насли нав дар рӯҳияи эҳтиром ба истиқлолият, меҳру муҳаббат тарбия карда шавад.

 

Нигоҳе ба роҳи тайшуда мефаҳмонад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри рушду нумӯи кишвар қадамҳои бузурги созандагӣ ба пеш гузошта шудаанд. Дар тули солҳо нақшаҳои бузурге ба амал бароварда шуданд, ки дар замони шӯравӣ касе дар бораи он фикр намекард, ё солҳои сол танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд доштанд.

 

Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, дар баробари дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва мушкилоти марбут ба амният, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии сайёра саҳм мегузорад. Кишвари мо низ узви сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид буда, дар он фаъолияти бомуваффақият анҷом медиҳад. Соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC) пазируфта шуд. Ин боз як комёбии байналмилалӣ мебошад, ки аз обрӯи мамлакати мо шаҳодат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 350 санади байналмилалӣ, аз қабили конвенсияҳо, оинномаҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ имзо карда, ӯҳдадориҳои худро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, бахусус рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра иҷро мекунад.

 

Дар тӯли 31 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҷудонашаванда ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати хориҷии муваффақи худ бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст. Ҳоло муносибатҳои дутарафа бо мамлакатҳои хориҷӣ дар роҳи инкишоф додани дустӣ, ҳамкорӣ ва хамсоягии нек ба нафъи халқҳои мамлакат натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.

 

Ба шарофати талошҳои муассир ва талаби саривақтӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор эътироф шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси ҷаҳонӣ: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мебошад.

 

Барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ танҳо дар назари аввал кори дохилии кишвар ба назар мерасад. Иқдомҳои муҳимме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз истиқрори сулҳ ва баъд аз он, яъне муттаҳидсозии миллат, қатъи хунрезӣ, бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани низоъҳо, талошҳои шуҷоатмандонаи шахсӣ барои расидан ба сулҳу ваҳдат, ҳатто дар хатари ҷони худ, дар як муддати кӯтоҳ барқарор кардани иқтисодиёти харобшуда ва коҳиши фақр, ба сарзамини орому субот табдил додани кишвар на танҳо ба рушди Тоҷикистон мусоидат кард, балки як омили таҳкими амният дар минтақа низ гардид. Ҳамаи ин дар маҷмуъ асоси эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешво — навовар ва ислоҳгар, роҳбаре гардид, ки бо мисоли як кишвар тавонист орзуҳои умумибашариро амалӣ намояд. Табиист, ки нуфузи баланди ҷаҳонии Пешвои мо ба баланд шудани обрӯи сиёсии кишвар дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди дипломатия ва барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ бо бисёр кишварҳои пешрафта мусоидат намуд.

 

Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Бо шарофати ин дастоварди муқаддас мо зиндагии осудаву осоишта дорем ва кӯшиш кунем, ки дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ баҳри боз ҳам зинат додани сарзамини зебоманзарамон талошҳои бештар намоем.

 

Ғолиб АМИНҶОНЗОДА,

 муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Академия

Похожие записи