ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ: БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ВА ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

IMG_8348

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 августи соли 2022 даври дуюми курси омӯзишии серӯза аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ:ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (аз ҳисоби масъулони таҳияи буҷет), ки дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ҷамъбаст гардид.

 

Мувофиқи Барномаи курс барои шунавандагон рӯзҳои 16-17 августи соли равон бо истифода аз усулҳои муосири таълим давоми 2 рӯз машғулиятҳо гузаронида шуда, ба онҳо барои кори мустақилона вазифаи хонагӣ дода шуда буд. Санаи 22 августи соли 2022 дар рӯзи сеюми курс машғулиятҳои амалӣ ва муаррифии кори мустақилонаи хизматчиёни давлатӣ сурат гирифта, аз ҷониби омӯзгорон ва коршиносон баҳогузорӣ карда шуд.

 

Директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбар ва болаёқати Академияи идоракунии давлатӣ Бибиосия Аюбӣ ва намояндаи Дафтари СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нушофарин Нозирӣ курсро ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуданд.

 

Кори мустақилона ва муаррифии  Бахтиёрзода Умриниссо – сармутахассиси Раёсати молия ва муҳосиботи Вазорати кишоварзӣ дар байни 20 нафар шунавандагони курс беҳтарин дониста шуда, ба номбурда  китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар се ҷилд тақдим гардид.

 

Ҳамзамон Қосимиён Шаҳноза Ҷумъа – мудири бахши банақшагирӣ ва маблағгузории корҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Азизова Муҳайё Қосимовна – сармутахассиси шуъбаи музди меҳнати Раёсати молия ва баҳисобгирии Академияи идоракунии давлатӣ, Сафарова Хайринисо Ҳайдаровна – сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва молияи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мухакова Макнуна Аловиддиновна – мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосиботи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Ҳоҷизода Шоҳрух – сардори шуъбаи молу амволи Раёсати молия ва баҳисобгирии Академияи идоракунии давлатӣ, Солиева Муҳаррамҷон Райимҷоновна – сармутахассиси шуъбаи ташкил ва банақшагирии Раёсати молия ва буҷет дар Вазорати мудофиа, Каримова Шоира  Исроиловна – сармутахассиси бахши муҳосиботи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ корҳои мустақилонаи худро дар сатҳи баланд анҷом доданд ва маърузаҳои ҷолиби диққат намуданд.

 

Хизматчиёни давлатии фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар баробари ин ба шунавандагони курси такмили ихтисос китоби «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ», ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҷудо гардид, тақдим карда шуд.

 

Дар ҷамъбасти курси такмили ихтисос ба шунавандагон гувоҳнома оид ба хатми курси такмили ихтисос дода шуд.

 

Хизматчиёни давлатӣ аз сифати машғулиятҳо ва сатҳи ташкили курс изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Аксҳо

Похожие записи