ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Palace_of_Nations_and_the_Flagpole,_Dushanbe,_Tajikistan

Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар давраи ҳастии худ – Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон ва мардуми он бо як хушнудӣ ва сарфарозӣ 32-солагии онро таҷлил менамоянд. 32 сол аст, ки кишвари азизи мо бо қадамҳои устувор ба ояндаи дурахшони худ сарбаландона ва шарофатмандона роҳ мепаймояд.

 

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин  дастоварди миллӣ ба шумор рафта, дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми хоссаро ишғол намудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла баланд гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, таъмини даромадҳои буҷети давлатӣ, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғ. ноил гардида истодааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра вобаста ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи милли рушд барои соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум барои солҳои 2013-2015, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷӣкистон барои давраҳои солҳои 2021-2025, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ва ғ. қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ гаштани онҳо рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварро таъмин намуд. Амалишавии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ба дастовардҳои бузург ноил гардад.

Дастоварди муҳиме, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таҳти сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ба даст омад, ин масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 83%-и соли 1999 то 22,5% дар соли 2022 мебошад.

Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаи иқтисодиёт, ки натиҷаи ниҳоии фаъолияти истеҳсолӣ ва рушди иқтисоди миллиро тавсиф менамояд ин маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Тибқи омори расмии кишвар агар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2013 40,5 млрд. сомонӣ ва дар соли 2015 48,4 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2018 – 68,8 млрд. сомонӣ ва дар соли 2022 115 млрд. сомониро ташкил додааст.

Дастовардҳои дигари ҳукумати кишвар муайян намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат мебошад.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳоест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ин замина корҳои бузургеро ба сомон расонида истодааст. Азнавсозии 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан ва ғ. аз ҷумлаи дастовардҳое, ки бо шарофати Истиқлолият ба даст омадааст. Дастовардҳои болозикр имкон дод, ки рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар таъмин гардад.  

Ҳамин тариқ, дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат қадамҳои устувор гузошт. Бо назардошти дастовардҳое, ки дар боло гуфта гузаштем, дар тамоми соҳаҳои дигар низ пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии назаррас ба таври аъло дида мешавад.

Гулмо ҚОДИРОВА,

мудири кафедраи менеҷменти Академия,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи