ИСТИҚЛОЛ ВА ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН

ҷавонон 2

Озод ва мустақил будан аз таъсири қувваҳои мухталиф ва дар дасти худ қарор додани зини тақдиру қазои давлат баҳри бо ҳавову ҳавас, хоҳиш, фарҳангу маданият ва иродаи миллат интихоб ва ба роҳ мондани таъмини ташаккулу пешрафти соҳаҳои муҳимми ҷамъият орзуи кулли миллатҳо ба шумор меравад. Албатта, ҷиҳати расидан ба чунин ҳол, яъне дарёфти мустақилияти комил ва озодии бенуқсон аз саҳифаҳои таърих маълум мегардад, ки халқу миллатҳо ва ақалияту аксариятҳои сиёсӣ аз сари хеш гирдобҳои пурпечутоб, азобу машақат ва бозиҳои сангини сиёсии бегонагонро гузаронидаанд.

 

Ҷои таассуф аст, ки миллати тоҷик низ баҳри бадастории озодии комил ва мустақилияти сиёсии миллӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки сабабҳои асосии сарзании онро фиребу найранг, бозиҳои сиёсии хориҷиён ва ниятҳои ғализи душманони миллати тоҷик ташкил медод, бо зиракии зиёиён ва фарзандони шарафманду фарзонаи худ дар муддати кутоҳтарин паси сар намуд.

 

Баъд аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз дар назди миллату Ҳукумати кишвар оғоз ва тадриҷан барқарор намудани кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ рӯи кор омад, ки муттаҳидӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳамгироии ҳар як фарди бонангу номуси миллатро талаб менамуд. Хушбахтона, дар як муддати кутоҳ миллати тоҷик бо сарварӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо дастгирии зеҳнии хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорони ватандӯсту фидокор тавонист самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии худро муайян намояд.

 

Аз ин ҷост, ки ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гашта, ташкили заминаҳои ҳуқуқиву амалӣ таъмин карда шуданд.

 

Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон ва ташаккулдиҳии сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”-ро 13 майи соли 1992, №562 қабул намуд.

 

Вохӯриҳои пайвастаи Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд дорад. Ин боварии Пешвои миллат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Роҳбари давлат дар баробари Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан дар вазъияти ноороми кишвар, нахустин маротиба 2 феврали соли 1993 вохӯрии худро бо ҷавонон гузаронида буданд. Ин нишонаи ғамхории падаронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва боварии комил ба неруи созандаю бунёдкоронаи ҷавонон буд. Аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.

 

Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз дар 39 донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат 170 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат бошад, 30 ҳазор ҷавонон бо ихтисосҳои замони муосир таҳсил намуда истодаанд.

 

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.

 

Имрӯз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст. Асосгузори сулҳу вахадти миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд, ки: “Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд”.

 

Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда, ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.

 

Дар ин давра “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020” қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.

 

Ин санадҳои муҳимми давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.

 

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

 

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шуда буд.

 

Дар ин сол варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, шаъну шарафи Ватани азизамонро баланд бардоштанд, ки ин дастовардҳои онҳо туҳфаи сазовор ба “Соли ҷавонон” буд.

 

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

 

Вобаста ба ин, дар Паёми Пешвои миллат, ба Маҷлиси Олӣ зикр гашт ки: “Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад”.

 

Ҷавононро зарур аст, ки аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ва имкониятҳои конститутсионии худ босамар ва оқилона истифода намуда, ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

 

Гул ФАРАНГИС,

сармутахассиси шуъбаи тайёркунии

касбии хизматчиёни давлатии Академия

Аксҳо

Похожие записи