ИФТИТОҲИ КУРСИ КОРГУЗОРӢ ВА ҲУҶҶАТНИГОРӢ ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_7319

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои хизматчиёни ҳарбии самти коргузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» оғоз гардида, то 26 декабри соли 2020 идома меёбад.

 

Дар ифтитоҳи курс Комилбек Амид Ёрбек — ноиби Ректор оид ба илм ва инноватсия,  Абдуалимзода Исмоил Иброҳим — ноиби Ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ, Ғанизода Ибодат Ғанӣ — директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, Зарифбеков Гулбек Ошурбекович — сардори раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Гвардияи миллӣ ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи курси мазкур зикр шуд, ки курсҳои такмили ихтисос василаи хуб барои такмили дониши хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои мазкур донишҳои худро васеъ карда, дар раванди кору фаъолияти худ омӯхтаҳои хешро ба роҳ мемонанд, ки дар натиҷа ба беҳ шудани сатҳу сифати кори онҳо боис мегарданд.

 

Дар рӯзи охири курс бо иштироки Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Агентии хизмати давлатӣ, сардори раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Гвардияи миллӣ, сардори раёсати корҳои фаҳмондадиҳии Гвардияи миллӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ: вазъ ва ҳолати кунунӣ” баргузор мегардад.

 

Дар фарҷоми курс шунавандагон соҳиби гувоҳнома мегарданд.

 

Аксҳо

Похожие записи