КИТОБИ ТОЗАНАШРИ УСТОДИ АКАДЕМИЯ БАХШИДА БА 30 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

photo_2021-08-23_10-15-57

Бахшида ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2019-2021 — “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мурдумӣ” китоби муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Қодиров Зоҳир таҳти унвони “Асосҳои худидораи маҳаллӣ дар Тоҷикистони муосир” аз чоп баромад.

 

Китоби мазкур ба таҳқиқоти маҷмӯии масъалаҳои ташаккул ва рушди худидораи маҳаллӣ дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар китоб хусусиятҳои анъанавӣ ва асосҳои таърихии пайдоиши худидораи маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар асоси таҳлил намудани назарияҳои гуногун ҷой, мафҳум, функсияҳои асосӣ ва аломатҳои худидораи маҳаллӣ дар марҳилаҳои муосири рушди Тоҷикистон таҳлил ва хулосабарорӣ гардидааст. Дар ин раванд мушкилоти асосие, ки ба самаранокии таъмини шарикии иҷтимоӣ байни мақомоти худидоракунӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ монеа эҷод мекунанд, муҳокима гардида, механизмҳои самараноки амалишавии он пешниҳод гардидааст.

 

Хулоса ва натиҷаҳои дар китоб овардашударо метавон дар раванди такмили ихтисоси кормандони ҷамоати шаҳрак ва деҳот, таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои иҷтимоии рушди шаҳраку деҳот истифода намуд.

 

Китоби мазкур чун воситаи таълимӣ барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, магистрантон, донишҷӯён, муҳаққиқон, докторантон, унвонҷӯён, тавсия дода мешавад.

Похожие записи