КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

корупсия

Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

 

Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.

 

Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ қайд намуданд, ки бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем. Албатта, муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

 

Гарчанде мақомотҳои ваколатдор назорати давлатии молиявиро барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи ошкорсозӣ, огоҳсозӣ, фошнамоӣ, ва дигар роҳҳое, ки қонунгузории зиддикорупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд, то ҳол коррупсия як зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ боқӣ мондааст.

 

Алҳол коррупсия бо маънои гуногун дар ҷомеа фаҳмида мешавад, аз ҷумла бо маънои ришва додан, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва хешутаборчигӣ мебошад.

 

Худи маънои коррупсия аз ду калимаи лотини “correi” – якчанд иштирокчӣ аз як гуруҳ ва “rumpere” – шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан мебошад. Баъдан коррупсия бо маънии бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани воколатҳои хизматии шахсони мансабдор пайдо гардидааст.

 

Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” мафҳумҳои коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешаванд, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъриф дода шудааст.

 

Мафҳуми коррупсияро Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид бо маънои коррупсия – сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ пешниҳод шудаааст.

 

Лозим ба ёдоврист, ки яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди коррупсия ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади самаранок гардонидани фаъолият дар ин самт вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор, ки субъектҳои муқовимат бо коррупсия мебошанд, дар самти муқовимат бо коррупсия фаъол буда, барои баланд бардоштани нуфуз ва обрӯи байналмилалии кишвари ҷавонамон роҳбарони субъектони муқовимат бо коррупсия масъул мебошанд.

 

Дар ҳолате, ки кишвар ба ришваситонӣ ё коррупсия сахт муқобилият нишон дода натавонад, метавонад дар мамлакат буҳрони иқтисодӣ ё сиёсӣ паҳн гардад.

 

Алҳол новобаста аз он ки дар кишвар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр мегардад ва аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи давлатӣ садҳо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкору дастгир мешаванд, вале мутаассифона то ҳанӯз ришвахӯрӣ дар ҷомеа аз байн нарафта, баръакси ҳол гардидааст.

 

Мутаассифона, нафароне дар ҷомеа ҳастанд, ки дидаю дониста ба ҳолатҳои коррупсионӣ даст мезананд. Агар аз нигоҳи ахлоқӣ ба ин падида назар андозем, баъзе ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни қисми аҳолӣ ҳамчун меъёрҳои иҷтимоӣ қабул шудаанд. Чунончӣ, додани пораи барои озод аз хизмати ҳарбӣ, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, дохил шудан ба макотиби олӣ, аз ҳар гуна ҷавобгарӣ озод намудан, ба ҷойи кор таъмин намудан ва дигар амалҳо гӯё як кори муқаррарӣ бошад.

 

Аммо коррупсия ба оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа хатари калон дошта, эътиқод ва боварии мардумро ба сохторҳои давлатӣ, волоияти қонун сахт коста мегардонад, ба иқтисодиёти ҳар як хонавода ва давлат зарари вазнин расонида, адолати иҷтимоиро аз байн мебарад.

 

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомотӣ давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бо коррупсия, корҳои таблиғотию ташвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд, ба роҳ монда шаванд.

 

Зуҳуршо ИКРОНШОЕВ,

магистранти Академия

Похожие записи