КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

1

29-уми октябри соли 2021 курси сайёри такмили ихтисос барои мутахассисони шуъба (бахш)-и кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки қаблан дар шаҳри Хуҷанд шуруъ гардида буд, ба анҷом расид.

 

Курси мазкур аз рӯи барномаи “Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардида, 3 рӯз идома ёфт.

 

Дар маросими ҷамъбасти курс ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Лоиқ Урунзода, сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Миршароб Носиров, сардори шуъбаи магистратураи Академия Фаридун Исматуллозода, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Академия Шуҳрат Раҷабов ширкат варзиданд.

 

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдухалил Ғафурзода баромад намуда, иброз дошт, ки мисли ҳама кишварҳои пасошӯравӣ, Тоҷикистон пас аз тағйироти геополитикӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии пешин ба ташаккули асосҳои институтсионалии баробарии гендерӣ шуруъ кард. Аҳамияти ҳалли масъалаҳои гендерӣ дар он буд, ки бо мақсади таъмини мавқеи арзандаи занон дар ҷомеа, татбиқи сиёсати самараноки гендерӣ, ки ба таъмини воқеан баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои мардону занон дар кишваре, ки ҳанӯз вуҷуд дошт, арзишҳои анъанавӣ қавӣ ҳастанд, иродаи қавии сиёсӣ лозим буд ва ин ирода аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда шудааст.

 

Қабл аз анҷоми курс мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” доир гардида, байни шунавандагон андешарониҳо вобаста ба паҳлӯҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатӣ сурат гирифт.

 

Дар фарҷом ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим гардид.

Похожие записи