МАДАНИЯТИ АНДОЗСУПОРӢ — ДАЛЕЛИ БОФАРҲАНГИИ АҲЛИ ҶОМЕА

IMG_6439

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа” доир гардид.

 

Дар даври аввали озмуни мазкур як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, омӯзгори кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети идоракунии давлатӣ Бобозода Афзалшоҳи Олимҷон сазовори ҷои 2-юм ва донишҷӯи курси 2-юми факултети идоракунии давлатӣ Дивонбеков Ҷамшед, сазовори ҷои 3-юм гардида, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки озмуни “Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа” бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз ташкилу баргузории он ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупорандагон мебошад.

 

Похожие записи