МАКТАБИ РОҲБАРӢ ВА СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОД ВА МУОСИРИ ДАВЛАТДОРИЮ ДАВЛАТСОЗӢ

IMG_2325

Ман имрӯз роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем.

Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон

 

Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намудаанд. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миллати сарбаланди мо пас аз фосилаи тӯлонии таърихӣ масъулияти пешбурди давлату давлатдории худро бар дӯш гирифт. Фазои сиёсию мафкуравии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле гуногун ва инъикоскунандаи манфиатҳои гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ буд, ки ҳар кадом ба сари қудрат омадан мехостанд.

Манфиатҷӯӣ ва манфиатхоҳии ин гуруҳҳои сиёсӣ боиси хисороти бузурги ҷонию моддӣ ва маънавӣ, ҳамзамон заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар ин давра миллату давлатро ҳисси ноумедиву нокомӣ ва дилшикастагию ҳасрат фаро гирифта буд. Ҳазорон хонаҳои ободу зебо валангор ва несту нобуд гардида, шаҳрвандон бе манзили зист монданд. Кӯдакону наврасон аз мактабу дарс фаромӯш карда, интизори як пора нон буданд ва аз гурӯснагӣ табассум ва бозии кӯдаконаро ҳатто ба хотир оварда наметавонистанд. Ҷавонон бошанд,ба ҷои касбу ихтисос аз худ кардан сипар ва қурбони майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуданд. Ҷавонони ин давра дар ҳасрати шириниҳои умр– ишқу муҳаббат ва суруру шодмонӣ буданд. Ба ҷои сайру гашт дар боғҳои ҳамешабаҳор бо наздикону пайвандон, онҳо яроқу аслиҳа бар даст дар фаною паҳнои роҳгумзадагии майдони ҷанг монда буданд. Падарон дар ҷустуҷӯи пораи нон ба хотири наҷоти фарзандон аз марги гурӯснагӣ ва ташвиши дифоъ аз оила ва ҷони худ буданд. Модарон ашки сард дар чашм гоҳо шоҳиди ба ҳалокат расидани фарзандони ҷавони худ дар майдони ҷанг, гоҳи дигар шоҳиди марги тифлон аз гурӯснагӣ мешуданд. Ҷомеаро дар маҷмуъ гумроҳию сарбастагии сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ фаро гирифта буд.

Хушбахтона,чун давраҳои дигари таърихӣ дар ин давра низ масъулияти ватандорию ватансозии миллати моро фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳдаи худ гирифтанд ва бо ҷасурию матонат, хираду дурандешӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, шоҳкориҳои худ дар дили сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол шуълаи умедро ба фардои рӯзгори дурахшон барафрӯхтанд.

Саволи таърихие ба миён меояд, ки чи гуна мо аз ноумедию нокомиҳо ва ваҳшонияту даҳшат, фақирию гуруснагӣ ба ин рӯзҳои шоистаю нек расидем? Посух ба ин суол ҳазорҳо ҷилд китоб мешавад. Вале, мехоҳам як ҷавоби кӯтоҳ гардонам. Худро ба ҳамин миллату давлат ва мардуми Тоҷикистон бахшидан, ҷасурӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷонфидоӣ, инсондӯстӣ, маҳорати баланди роҳбарӣ, зиракии сиёсӣ, дурандешӣ, бахшояндагӣ, хирадмандӣ ва қаҳрамониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар марҳилаи аввал Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯснагию фақирӣ, ашку ҳасрат, кинаю бадбинӣ, ҷангу хунрезӣ ва душманию ғарибиро дар кишвар ба дастурхони пурфайзу пурсаховат, шодию фараҳ, дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат ва муттаҳидию ҳамбастагӣ иваз намуд. Ин осон набуд. Гузаштан аз сӯиқасдҳо, мулоқотҳо бо мухолифин дар майдонҳои ҷанг, вохӯриҳои алоҳидаю хосса бо размандагон, қумандонҳои саҳроӣ ва роҳбарони дигар гуруҳҳои мусаллаҳ, ки заррае кафолати бехатарию амният дода намешуд. Баръакси баъзе роҳбарони дигар, ки аз мухолифин ва гуруҳҳои мусаллаҳ паноҳ меҷӯстанд ва ҳарос доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасурию далерӣ ба назди мухолифин ва гуруҳҳои мусаллаҳ рафта, бо онҳо аз наздик вохӯрӣ намуданд. Ин рафтори шоиста мухолифин, гуруҳҳои мусаллаҳ ва роҳбарони давлатҳои ҳамсояро ба ҳайрат овард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасурӣ масъулияти ватандорӣ ва давлатсозиро ба ӯҳдаи худ гирифта, бо боварии қавӣ қадамҳои нахустин дар роҳи эъмори давлати миллӣ ва соҳибистиқлол гузоштанд. Ҳама камию костагӣ ва монеаҳои субъективию объективӣ, хиёнату дурӯягӣ, душманию бадбинӣ ва носипосию манфиатхоҳии шахсиятҳо ва гуруҳҳои алоҳидаро таҳаммул карданд. Таҳаммулпазириро, ки яке аз хислатҳои накӯи миллӣ ба ҳисоб меравад, пешаи худ намуда, ҳамаи монеаҳоро новобаста аз шаклашон гузашт, ҳатто сӯиқасдҳои шадидро, ки дар баъзан маврид ҷисман захмдор шуданд, вале рӯҳан устувору қавиирода ва далеру ҷасур буданд. Таърихи миллати тоҷик роҳбари давлатеро ёд надорад, ки ба назди террористон ва гуруҳҳои мусаллаҳ ба майдони ҷанг ва қароргоҳи онҳо рафта, бо онҳо як ба як ва рӯ ба рӯ сӯҳбат кунад. Ҳоло он, ки ин гуруҳҳо дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доранд ва барои онҳо инсон ҳеҷ арзише надорад. Ин амалро ҷонфидоӣ ва гузаштан аз баҳри худ ба хотири ҳастии миллат ва пойдории давлат меноманд, ки ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ маҳз аз ҳамин қадамҳову зинаҳо оғоз мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан исбот намуданд, ки мо таърихан ва табиатан соҳибдавлатем ва таҷрибаи давлатдорию давлатсозие дорем, ки дар сиришти мо нӯҳуфтааст. Мисоли равшан аст, ки вақте шахс маълумоти медонистааш ва ё касбу ҳунари доштаашро муддати тӯлонӣ такрор накунад фаромӯш месозад ва дигар аз уҳдаи иҷрои он намебарояд. Аммо мо дар тӯли зиёда аз ҳазор сол ҳунари давлатдорию давлатсозиро фаромӯш насохтем, чунки дар вуҷуд ва хуну ҳастии миллати мо ин қобилият нӯҳуфтааст ва миллати мо табиатан миллати роҳнамо, роҳбар, роҳкӯшо ва тоҷдору тоҷбарсар аст. Далели раднашаванда вобаста ба суханҳои болозикр Пешвои миллат аст, ки ба ҷаҳониён намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ ва сулҳофарию ваҳдатсолориро пешниҳод намуданд. Бузургию ҷонфидоии Президенти кишварро Михаил Кротов, Котиби Генералии Асамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои Иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2002 дар яке аз суханрониҳояш собит намудааст ва қайд менамояд: “Ба туфайли сиёсати дурандешона ва амали қотеонаи Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар Тоҷикистон имкон даст дод, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар хотима дода шавад. Ин таҷрибаи нодир имрӯз дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст. Умуман, дар тӯли 50 соли охир он шабеҳи худро надорад. Аз ин рӯ, Асамблеяи Байнипарлумонӣ чунин мешуморад, ки агар додани мукофоти Нобелиро ба касе ҷоиз доданд, пас онро ба Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов бояд дод. Зеро ин ҷо натиҷаи амалро мебинем”. Дар воқеъ мактаби роҳбарӣ ва сиёсии садри муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо, ҷавонон намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ мебошад, ки омӯзишу пайравӣ намудан ба он қарзи имону виҷдон ва вазифаи муқаддасу аввалиндараҷа мебошад.

Ҷузъиёти дигаре, ки мехоҳем доир ба он сухан гӯем ин бедорсозӣ ва эҳёи хотираи таърихии миллат мебошад. Дар тӯли зиёда аз ҳазор соли бедавлатӣ ва ҳафтод соли Иттиҳоди Шӯравӣ миллати моро бегонашавӣ ва гумроҳию бефаҳмии миллӣ фаро гирифта буд, ки ҳар замон ба сиришт ва рӯҳияи худшиносии миллии мо таҳдид мекард. Ин хатари ҷиддӣ дар роҳи завол ёфтани миллат буд. Нигоҳ накарда ба вазъи ноустувори сиёсӣ ва шиддат пайдо кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба эҳёи асолати миллӣ оғоз намуданд. Баргузор намудани ҷашнвораи шоирони адабиёти классик ва муосир, “Соли тамаддуни Ориёӣ”, 1150-солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, 1100 солагии Давлати Сомониён, 5500-солагии Саразми бостон, 2700-солагии Кӯлоби бостон ва бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ҷашнвораҳои шаҳрҳои Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор, Соли бузургдошти Имоми Азам Абӯҳанифа, эҳё, навсозӣ ва ба мероси умумиҷаҳонӣ ворид намудани ёдгориҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ, ба номи фарзандони фарзонаи миллат номгузорӣ шудани шаҳру ноҳияҳо, хиёбонҳо, кӯчаҳо, муассисаҳо ва боғу гулгаштҳо, таъсиси унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба номи бузургони миллат, ба муомилот баровардани пули миллӣ бо акси қаҳрамонон ва фарзандони ватандӯсту фарзонаи миллат ва ҳазорҳо корҳои дигар, ки хотираи таърихии мо зинда гардид.

Нуқтаи дигаре, ки мехоҳам таъкид созам,ин таваҷҷуҳи зиёд доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози Тоҷикстон — ҷавонон мебошад. Президенти кишвар нисбат ба мо, ҷавонон эҳтироми хосса доранд. Ҷавононро дӯст медоранд ва тамоми шароитро барои инкишоф ва рушду нумӯи онҳо фароҳам овардаанд. Пайваста ҷавононро дастгирӣ намуда, онҳоро тарбият месозад ва ба вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таъин менамояд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ҳаёти ҷавонии мо зебо ва аз каму костагиҳо орӣ бошад.

Ҳарчанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри ҷавонии худро натавонистанд пайи назофатҳои ҷавонӣ сарф кунанд, аммо назофатҳои ҷавонии худро дар ҳаёти ҷавонии мо мебинанд. Пешвои миллатумри ҷавонии худро баҳри хомӯш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ободию пойдории давлат сарф карданд, ки хеле кори пурифтихору пуршараф аст. Мо,ҷавонон бояд аз ин ифтихор кунем ва бар ивази дастгирию ғамхорӣ ва пуштибониҳо пайи ободию рушду тараққиёти Ватан бошем. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,

сардори шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи