МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми апрели соли 2022 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Нақши идоракунии давлатӣ дар раванди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд. Ба Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони соҳа ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

 

  • Нақши идоракунии давлатӣ ва саноатикунонии мамлакат омили ҷойивазкунии маҳсулоти воридотӣ;
  • Раванди саноатикунонии мамлакат дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Раванди саноатикунонии мамлакат дар замони истиқлоли давлатӣ;
  • Сиёсати давлатӣ дар самти саноатикунонии мамлакат:“Солҳои рушди саноат (2022-2026)”;
  • Идоракунии самараноки молиявии корхонаҳои саноатӣ омили рушди саноатикунонӣ;
  • Саноатикунонии босуръати мамлакат омили рушди босубот;
  • Усулҳои идоракунии муосир кафолати рушди саноат;
  • Нақши фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноат;
  • Нақши Стандартҳои баҳисобгирии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) дар таъмини эътимоднокии иттилоотӣ-молиявии корхонаҳои саноатӣ;
  • Буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири он ба раванди саноатикунонии мамлакат;
  • Самаранокии рушди иқтисоди сабз дар раванди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Нақши иқтисодиёти рақамӣ дар рушди иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ;
  • Раванди саноаткунонии босуръат омили асосии рушди иқтисодии КАС;
  • Бунёди инфрасохтори истеҳсолӣ яке аз роҳҳои асосии рушди саноат;
  • Саноатикунонӣ яке аз омилҳои асосии таъминкунандаи меъёрҳои иҷтимоӣ;
  • Рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ кафолати рушди соҳаи саноат;
  • Нақш ва мақоми ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар рушди саноат;
  • Бунёди асосҳои ниҳодӣ барои рушди саноат дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ.

 

Масъулияти хатоии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маърӯза ба зиммаи муаллиф вогузор мешавад. Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда, то 15 апрели соли 2022 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба кафедраи дахлдори кумитаи тадорукот манзур гардида, дар сурати иловагӣ муаллифон метавонанд мақолаҳои худро ба раёсати илм ва инноватсия тавассути суроғаи: ilm-innovatsiya.did@hotmail.com ва buzurgmehr.lawyer@gmail.com ирсол намоянд.

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

Вақти баргузории конференсия: соати 09:30

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот: Раёсати илм ва инноватсия (ошёнаи 2-юм).

E-mail: buzurgmehr.lawyer@gmail.com

Тел: (+992) 901-43-43-40; 2-28-91-92.

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.

Сархат: 1.25.

 

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кўчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

 

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рўйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

 

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажўҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003.-350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).

Похожие записи