МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-24 апрели соли  2021 Конференсияи ҷумҳуриявии апрелии илмӣ-назариявиро бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

 

  1. Истиқлол ва раванди таҳкими давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол;
  3. Ҳадафҳои стратегӣ ва роҳҳои расидан ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Масъалаҳои иқтисодию молиявии рушди худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  5. Муаммои ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо худидораи шаҳрак ва деҳот;
  6. Масъалаи таъмини амният дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Баъзе масъалаҳои рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот дар таъмини босуръати сатҳи иҷтимоӣиқтисодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. Технологияи омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ: мушкилот ва дурнамо;
  9. Забони давлатӣ дар пешорӯи равандҳои ҷаҳонишавӣ: гиромидошт ва ҳифзи он;
  10. Нақши фанҳои гуманитарӣ дар рушди илм ва маорифи кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ;
  11. Стратегияи миллии рушд барои соли 2030 ва нақши он дар мукамалгардонии бахши иқтисодиёт.

 

Масъулияти хатогии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маъруза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад. Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 16 апрели соли 2021 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр карда мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба кафедраҳои дахлдори кумитаи тадорукот манзур гардида,  дар сурати иловагӣ муаллифон метавонанд дар шакли чопӣ бо имзои муаллифон мақолаҳои худро ба раёсати илм ва инноватсия ва нусхаи электронии онро ба суроғаи: ilm-innovatsiya.did@hotmail.com ирсол намоянд.

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ;

Оғози конференсия: соати 09:00 (ба вақти Душанбе)

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, 734003, шањри Душанбе, кўчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот: Раёсати илм ва инноватсия; Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ; кафедраи идоракунии давлатӣ; кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ; кафедраи идоракунии молияи давлатӣ; кафедраи забонҳои хориҷӣ; кафедраи забони тоҷикӣ; кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор.

 

E-mail: ilm-innovatsiya.did@hotmail.com

Тел.:

(+992) 93-505-46-86;

(+992) 11-11-22-723;

(+992) 93-197-12-53;

(+992) 901-43-43-40.

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

 

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

— насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

— номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

— почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см — аз чап; 1 см — аз рост; 2 см — аз боло ва 2 см — аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо — аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кўчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномањои Microsoft Office — Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

 

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. — Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. — М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. — М. : ПИҶМБ, 2007. — 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).

Похожие записи