ИСТИКЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ АРТИШИ МИЛЛӢ

1

9 сентябри соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем. 

 

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машғул шуданд. Заминаи моддию техникӣ метавон гуфт умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавиро омӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Албатта, бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Боиси таассуф аст, ки низою нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амалӣ гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд.

Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 4 январи соли 1992 ташкил дода шуд. 30 сентябри соли 1992 бошад, баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-ми сентябри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

 

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 нахустин қарорро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонд. Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати Конститутсионӣ ташкил дода шуд. Норасоии низомиёни касбии таълими ҳарбию ҷангдида ва дар ҳарбу зарб ва машқ обутобёфта дар ин давра баръало эҳсос мешуд.

 

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 № УП-198 ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ташкил карда шуд. 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантҳо ва сарбозони коллеҷ савганди ҳарбӣ қабул намуда, дар сафороӣ ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбӣ иштирок намуданд.

 

Хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли 28 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукаммал гардидааст.

 

Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд.

Мусаллам аст, ки истиқлолияти комил ва рушди бемайлони ҳар як давлат, пеш аз ҳама, ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр истиқлолияту ваҳдати ҳамон ҷомеа поянда хоҳад буд, ки сохторҳои қудратии он нуфузи бештареро ба худ ихтисос дода, иҷрои вазифаҳои босалоҳият аз ҷониби ҳар як корманди мақомоти дифоъ дуруст ба роҳ монда шавад. Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Тоҷикистон дар шароити басо мушкил истиқлолияти худро нигоҳ дошт.

 

Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои сарвари давлатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри Навин муаррифӣ кардааст. Ин пеш аз ҳама, реша дар фалсафаи некпиндории Эмомалӣ Раҳмон – вориси ин мулки бузург дорад, ки дар минбари Иҷлосияи 16 ва баъдтар муроҷиатномаҳои пайдарпайи эшон садо додаву ба тадриҷ бо андешаи созандаи мардуми тоҷик «нияти нек-ними давлат» давлату иқболи беназиреро барои мо тоҷикон дар кӯтоҳтарин фурсат таъмин намуданд. Ба тадбири дигар, аз пиндори нек то ба қаламрави гуфтору рафторҳои неки мутааддин ҳаёти ҷамъиятӣ рӯшан ва пешорӯи халқ ҷилвагар сохтанд.

 

Сӣ сол аст, ки аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шуълаи ҳаётбахши он рӯзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон ғарқи нури истиқлол мебошад.

 

Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар ҷамъ Моро ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳадафҳои нав мебарад. Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

 

Бахтиёр Юсуфзода,

магистранти ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ

Похожие записи